Миръоту-л-хаёл
«Миръоту-л-хаёл» (ар. مرآة الخیال — «Оинаи хаёл») — тазкираи Шерхони Лудӣ.
Таълифаш солҳои 1690—1691 ба анҷом расидааст. Шерхон аслан ҳиротӣ буда, баъд аз касби камол ба Ҳиндустон рафта аст. «Миръоту-л-хаёл» 130 шоирро дар бар гирифта, дорои дебочаест, ки дар он муаллиф оид ба назму наср, афзалияти назм бар наср баҳс кардааст. Шарҳи ҳоли шоирони қисмати аввали тазкира, чунонки муаллиф гуфтааст, аз тазкираҳои пешин иқтибос ва нақл шуда, фаслҳои минбаъда ба қалами худи у тааллуқ доранд. Муаллиф дар зикри бисьёре аз адибон, илова ба намунаҳои ашъор намунахои насри онҳоро низ сабт намудааст. Доир ба шоирони мутақаддим мухтасар, вале дар боби муосирони худ муфассалтар сухан рондааст. Муаллиф дар ҷараёни накли лаҳзаҳои ҳаёти шоирон доир ба масъалаҳои ахлоқ, ишқ, мусиқӣ ва ғайра баҳс мекунад. Дар хотимаи «Миръоту-л-хаёл» шарҳи ҳол ва намунаи ашъори худи муаллиф дарҷ гардидааст. Матни «Миръоту-л-хаёл» се маротиба (1831, 1846 ва 1946) дар Ҳиндустон ба табъ расидааст. Тазкира дар масъалаи омӯхтан ва равшаи кардани лаҳзаҳои ҳаёт ва фаъолияти адабии шоирони форсизабони Ҳиндустон ва умуман адабиёти форс-тоҷик аҳамияти калон дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Миръот-ул-хаёл / Э. Аҳрорӣ, С. Асадуллоев // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).