Миряҳёи Қазвинӣ
Таърихи таваллуд: | 1481 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1555 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | муаррих |
Забони осор: | форсӣ |
Носируддин Миряҳё ибни Абдуллатиф (форсӣ: ناصرالدین میریحیی بن عبداللطیف), маъруф ба Сайфии Қазвинӣ (форсӣ: سیفی قزوینی; 1481, Қазвин — 1555, Исфаҳон) — шоир, нависанда ва таърихнигори форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Илмҳои расмии даврро дар зодгоҳаш омӯхта, ба камол расидааст. Ӯро сарвари сунниҳои Қазвин эълог карда, гунаҳкор донистанд ва ба фармони шоҳ Таҳмоспи сафавӣ маҳбус гардид. Дар зиндони Исфаҳон вафот кард.
Аз Сайфии Қазнавӣ абёти парокандаи ғазалиёт ва асари таърихии «Луббу-т-таворих» (соли алҷоми таълифаш 1542) боқӣ мондааст. Ин асар аз чор қисми калон, ки ба фаслҳо, мақолаҳо, бобҳо тақсим шудаанд, иборат буда, таърихи Муҳаммад ва имомон, шоҳони тоисломии Эрон, халифаҳо, таърихи сулолаҳот темурӣ, шайбонӣ, сафавиро дар бар мегирад. Дар Бумбай (1884) ва Теҳрон (1936) нашр шудааст[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сайфии Қазвинӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).