Jump to content

Мирғулом Муҳаммади Ғубор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирғулом Муҳаммади Ғубор
Таърихи таваллуд: 1897
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 5 феврал 1978(1978-02-05)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Навъи фаъолият: муаррих, сиёсатмадор, нависанда

Мирғулом Муҳаммади Ғубор (форсӣ: میرغولام محمد غبار‎; 1897, Кобул5 феврал 1978, Берлин) — таърихнигор, нависанда, сиёсатмадор, ходими ҷамъиятӣ, яке аз пешвоёни ҷунбиши демократии Афғонистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳсили иб­ти­дои­ро дар назди падараш, ки шахси бомаърифат ва хо­ди­ми намоёни дарбори амирони Афғонистон — Аб­дур­раҳ­мон­хон ва Ҳабибуллохон буд, фаро гирифтааст. Аз ҷа­во­нӣ бо осору афкори маорифпарварон Сайид Ҷамо­луд­ди­ни Асадободӣ (Афғонӣ), Файзмуҳаммади Ҳазора, Маҳ­му­ди Тарзӣ ва дигарон ошноӣ пайдо намуда, ба ҷун­биши «ҷавонафғонҳо» пайваст. Забонҳои пашту, урду, ҳиндӣ, ан­глисӣ ва фаронсавиро медонист. Баъди ба сари қудрат омадани Амонуллоҳхон (феврали 1919) Мирғулом Муҳаммади Ғубор дар ш. Ҷа­ба­лус­сироҷ ба табъу нашри ҳафтаномаи «Ситораи аф­ғон» пардохт (аз ноябри 1920). Баъди интиқоди ҳу­ку­мат рӯз­но­ма дар миёнаҳои соли 1921 баста шуд. Аз соли 1921 Мирғулом Муҳаммади Ғубор дар идораи полис ба фаъолият шурӯъ намуда, узви комиссияи давлатии даъват ба сафи артиш дар Ҳирот таъ­йин гардид. Солҳои 1922-24 ноиби президенти ширкати тиҷоратии давлатии «Амония» ва ҳамзамон намояндаи тиҷоратии Аф­ғонистон дар Маскав буд. Солҳои 1924—1928 вакили мардуми Кобул дар Луи Ҷиргаи Афғо­нис­тон буда, ба намоян­дагии «ҷавонафғонҳо» барномаи ис­ло­ҳоти ҳуку­мат­ро ин­ти­қод намуд. Солҳои 1925-27 ба ҳай­си намояндаи Аф­ғо­нис­тон дар Фаронса фаъолият дошт. Баъди ба қуд­рат расидани генерал Му­ҳам­мад Но­дир­шоҳ (1929) Мирғулом Муҳаммади Ғубор муншии сафорати Афғо­нис­тон дар Олмон таъйин гардид. Соли 1931 «Анҷумани ада­бии Кобул» таъсис ёфт, ки Мирғулом Муҳаммади Ғубор ба узвияти анҷуман даромада, дар наш­рияи «Кобул» як силсила ма­қо­лаҳо чоп кард. Соли 1932 ба Кобул даъват ва дере нагузашта ҳамчун шахси хатарнок ҳабс гардид. Ӯро ибтидо ба қатл ҳукм карданд, аммо ин ҳукм ба ҳабси дарозмуддат иваз гардида, аз Кобул ба Қандаҳор бадарға шуд. Дар он ҷо рисолаи таърихии «Аҳ­мадшоҳбобо»-ро навишт. Со­ли 1942 ба Кобул баргашт ва ба узвияти «Анҷумани таърих» даромад. Соли 1949 дар интихоботи давраи 7-уми Маҷ­лиси миллии Афғонистон намояндаи мардуми Кобул интихоб гардид. Моҳи январи 1951 дар Кобул ҳизби «Ва­тан»-ро таъсис намуд ва ба нашри рӯзномаи «Ватан» пардохт. Соли 1952 боз ҳабс гар­дид. Аз соли 1960 аз корҳои давлатӣ қанорагирӣ карда, ба кори таҳқиқу таълиф пардохт. 11 феврали 1977 баъд аз ҷарроҳии меъда дар яке аз бемо­ристонҳои ш. Берлин аз олам даргузашт ва дар гӯ­рис­тони «Шуҳадои солеҳин»-и Кобул ба хок супурда шуд.

Мирғулом Муҳаммади Ғубор яке аз чеҳраҳои барҷастаи сиёсӣ ва илмию адабии Афғонистон буда, дар омӯзиши таърихи он нақши бузург гузоштааст. Машҳуртарин асари таърихии ӯ «Афғо­нис­тон дар масири таърих» мебошад, ки таърихи Аф­ғонис­тонро аз давраҳои қадим то соли 1928 дар бар мегирад. Ин асари пурарзиш борҳо дар Кобул, Теҳрон, Амрико ва Аврупо чоп шуда, қисми ниҳоии он ба забони русӣ тар­ҷу­ма ва нашр гаштаанд. Асару рисолаҳои дигари Мирғулом Муҳаммади Ғубор «Аф­ғонистон ва нигоҳе ба таърихи он» (1932), «Аҳ­мад­шоҳ­бобои афғон» (1943), «Хуросон» (1947), «Аф­ғо­нис­тон дар як назар» (1947), «Афғонистон: аз зуҳури ислом то фурӯпошии давлати Тоҳириён» (1947), «Таърихи адабиёти дарии Афғонистон дар қу­ру­ни ахир» (1952), «Мамолики Шарқ», «Амирони Афғо­нис­тон», «Чингизхон», «Таъ­сири асорати арабҳо ва ислом дар Афғонис­тон» ва ғайра мебошанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]