Мир Иноят
Зоҳир
Иноят (форсӣ: عنایت), Мир Иноят (нимаи аввали қарни XIX) — хаттот ва мударриси форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодгоҳаш Тошканд. Барои такмили дониш ба Бухоро рафта, назди Бобобеки Иштибар санъати хаттотиро омӯхтааст. Дар навиштани хатти настаълиқ шуҳрат дошт. Асари «Фавоиду-з-зиёия»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ беҳтарин намунаи китобатҳои ӯст. Баъди ба Тошканд баргаштан баробари мударрисӣ (аз сарфу наҳви арабиву форсӣ дар мадрасаи Кӯкалтош дарс мегуфт) китобат ҳам мекард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мир Иноят / С. Султонов // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.