Мир Муҳаммад Абҷадӣ
Номи пурра | Мир Муҳаммад Исмоилхони Абҷадӣ |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1788 |
Маҳалли даргузашт: | Мадрас |
Навъи фаъолият: | шоир |
Мир Муҳаммад Исмоилхони Абҷадӣ (? — 1788, Мадрас) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Ашъори боқимонда
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба забони урду низ шеър мегуфт. Абҷадӣ аз шоиронест, ки анъанаи «Хамса»-нависиро идома додааст. Инчунин аз ӯ ду девони ашъор (ба форсии тоҷикӣ ва урду), маҷмӯаи қасоид боқӣ мондааст. «Хамса»-и Абҷадӣ маснавиҳои «Зубдат-ул-афкор» (дар ҷавоби маснавии «Махзан-ул-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ), «Анварнома» (дар вазни шеърии «Искандарнома»-и Низомӣ, аммо дар мавзӯи дигар), «Роғиб ва Марғуб», «Ҳафт ҷавҳар» (дар ҷавоби «Ҳафт пайкар»-и Низомӣ), «Муваддатнома»-ро (дар вазни шеърии «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ) дар бар гирифтааст. Ба қалами Абҷадӣ маснавии «Ҳақиқатнома», инчунин шарҳе ба «Тӯҳфат-ул-ироқайн»-и Хоқонии Шервонӣ тааллуқ доранд. Дар маснавии «Анварнома» Абҷадӣ оид ба баъзе шуарои гузаштаи форс-тоҷик чунин гуфтааст:
- Нахустин зи таркиби донишварӣ,
- Шуд афрӯхта унсури Унсурӣ…
- Чу шуд сард бозори он тездам,
- Баровард Фирдавсии Тусӣ алам…
- Замона ба Хоқонии поккеш,
- Чу Хоқони Шервон сар афканд пеш…
- Пас аз рафтани ӯ ба сайри ҷинон,
- Шуда Анварӣ нурбахши ҷаҳон…
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абҷадӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.