Мир Юсуфхони Бисмил
Зоҳир
Мир Юсуфхон Бисмил | |
Зодгоҳ: | Бадахшон |
Таърихи даргузашт: | 1725 |
Навъи фаъолият: | шоир |
Мир Юсуфхон Бисмил (? — 1725, Бадахшон) — шоири тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи маълумоти тазкираи «Ништари ишқ»-и Ҳусайнқулихони Азимободӣ ин шахс аз акобирзодагони Бадахшон, халафи Муборак Мир Имом буд. Бо волии Ҳайдаробод-Муборизхон дӯстию рафоқат доштааст. Бисмил ба қавли Ҳусайнқулихони Азимободӣ, «бисмили дашнаи хушнигоҳон буд ва маҷруҳи ханҷари мижгони дилбарон». Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳову баёзҳо ба назар мерасанд. Абёти зерин аз ӯст:
Шӯхии нахчир барҳам мезанад як домро,
То набуд абтар дили ман, зулфи ӯ абтар набуд.
***
Аз гардиши нигоҳе шуд нимкушта Бисмил,
Гирди сари ту гардам, як ғамза бори дигар.
***
Ҳайратзада чун сурати девор нишастем,
Бо ёр нишастему чи бекор нишастем.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- حسینقلیخان عظیم آبادی. نشتر عشق. دوشنبه، ۱۹۸۱
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бисмил // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.