Михаил Герасимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Михаил Герасимов
русӣ: Михаил Михайлович Герасимов
RR5110-0081R.gif
Таърихи таваллуд: 2 (15) сентябр 1907
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 21 июл 1970(1970-07-21)[1] (62 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: мардумшиносӣ
Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих[d] (1956)
Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
ордени «Нишони Шараф»
Мукофоти сталинӣ
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Михаи́л Миха́йлович Гера́симов (2 (15) сентябр 1907, Санкт-Петербург, Русияи подшоҳӣ21 июли 1970, Маскав, ҶШФСР, ИҶШС) — мардумшинос, муҷассамасоз ва бостоншиноси рус, доктори илмҳои таърих (1956). Асосгузори мактаби бозсозии пластикии антропологӣ дар Русия; ҳамчун барқароркунандаи симои ашхос аз рӯи косаи сар (беш аз 200 нафар) маъруф аст

Зиндагинома[вироиш]

Аз солҳои мактабхонӣ дар экспедитсияҳои бостоншиносӣ ширкат мекард. Соли 1941 бо як ҳайати бостоншиносӣ дар кушоиши дахмаи Темури Ланг ва авлоди ӯ дар оромгоҳи Гӯри Мири Самарқанд (бо мақсади собит намудани воқеияти дафнҳо) ҳамкорӣ кард.

Фаъолияти илмии Михаил Герасимов дар ду самти асосӣ ҷараён гирифтааст – бостоншиносии пеш аз таърих ва таҷдиди пластикии инсонҳои қадим. Соли 1928 дар ҳафриёти назди Иркутск тифли дафншудаеро бо лавозимоти зиёд пайдо кард, ки аз нахустин осори баъди асри санг дар қаламрави ИҶШС шумурда мешавад ва ин кашфиёт аҳаммияти ҷаҳонӣ дорад. Нахустин таҷдиди симои инсони ибтидоиро Михаил Герасимов соли 1927 ба ҷо овард. Вай симои питекантроп ва неандерталро дубора барқарор кард. Бар иловаи гузаштагони инсони имрӯза ва намояндагони қабоилу ақвоми азбайнрафта, Михаил Герасимов портрети чандин шахсияти таърихӣ – Темур, Улуғбек, Шоҳрух, Муҳаммад Султон, Ярославл Мудрий, Ивани IV Грозний, И. Шиллер, Ҳоҷӣ Мурод, Ф. Ф. Ушаков ва дигаронро сохт. Барои ковишҳои бостоншиносӣ ва барқарор кардани симои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Тоҷикистон даъват шуд. Дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент (ноябри 1956) қабри Рӯдакиро, ки бар асоси далелҳои фаровон муайян шуда буд, кушода, тарҳи чеҳра ва танаи ӯро (то апрели 1957) аз рӯи устухонҳои косахонаи сар ва баданаш офарид. Ин портрет бори нахуст дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (1957) ба намоиш гузошта шуд.

Ҷоизаҳо[вироиш]

Дорандаи мукофоти сталинӣ (1950). Бо ордени «Нишони Фахрӣ». сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш]

  • Восстановление лица по черепу. М., 1955;
  • Опыт воспроизведения документального портрета по склету из Панжруда. Сталинабод, 1958;
  • Люди каменного века. М., 1964.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 1.2 Герасимов Михаил Михайлович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Адабиёт[вироиш]

  • Грасимова М. М. «Печальная отрада вспоминат: М. М. Герасимов // Выдающиеся отечественные этнологи и антропологи 20 в. М., 2004;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2008.

Сарчашма[вироиш]