Михайлова Надежда Макаровна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Михайлова Надежда Макаровна
Михайлова Надежда Макаровна
Санаи таваллуд:

9 октябр 1919(1919-10-09)

Зодгоҳ:

вилояти Запорожи, ҶШС Украина, СССР

Санаи марг:

1997(1997)

Маҳалли марг:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

таърих

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои таърих

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М. Ломоносов

Ҷоизаҳо:

ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Михайлова Надежда Макаровна (тав. 9.10.1919, вилояти Запорожи ҶШС Украина – ваф.1997, ш. Душанбе), муаррих, номзади илмҳои таърих (1978), дотсент (1987), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Аълочии маорифи Тоҷикистон

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1948 Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М. Ломоносовро хатм кардааст. Солҳои 1950–1998 дар кафедраи таърихи ИҶШС-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар вазифаи муаллим, муаллими калон, дотсент кор кардааст. Дар фаъолияти бисёрсолаи омӯзгориаш ҳазорҳо нафар муаллимони маълумоти олидори фанни таърихро тайёр намуд. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ мебошад. Дар тадқиқотҳои худ масъалаҳои таърихнигории таърихи Россияро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Барои хизматҳояш бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи 1, нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», зиёда аз 10 медал ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Осор[вироиш]

  • М. С. Ольминский о собирании биографических материалов // Археографический ежегодник за 1971 г., М, 1972;
  • М. С. Ольминский об источниках по истории партии и Октябрьской революции // История и историографический ежегодник 1972, М., 1973.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Манобеъ[вироиш]