Михаэл Занд
Михаэл Занд | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 1927[1] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 2018[1] |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
Михаэл Занд (1927[1], Каменетс-Подолский[d][2] — 2018[1], Уршалим[2]) — донишманд, шарқшинос ва филологи исроилӣ, муҳаққиқи таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Михаэл Занд соли 1927 дар Каменетск-Подолск таваллуд шудааст. Соли 1930 хонаводаи онҳо ба Маскав кӯчиданд. Падараш, ки аз муҳоҷирони Лаҳистон буд, соли 1937, айёми «террори бузург» кушта шуд. Михаэл Занд пас аз хатми Донишгоҳи Маскав (соли 1950) дар АФ Тоҷикистон ба пажӯҳиши осори намояндагони адабиёти асри 10 форс-тоҷик (Рӯдакӣ, Табарӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Фирӯзи Машриқӣ, Абусалики Гургонӣ, Арӯзии Самарқандӣ, Саолибӣ, Авфӣ, Родуёнӣ) ва дигар классикон пардохт. Мудири шуъбаи филологияи моҳномаи «Мардуми Осиё ва Африқо» («Народы Азии и Африки», 1957), корманди илмии Ин-ти шарқшиносии АФ ИҶШС (1962-64), мушовири илмии «Донишномаи мухтасари адабӣ» («Краткая литературная энциклопедия», 1964) буд. Ба Эрон сафарӣ корӣ дошт (1966-68). Аз соли 1971 муқими Исроил шуд. Проф. адабиёти форс-тоҷик дар Донишгоҳи ибрии Байтулмуқаддас (1971-75). Раиси бахши мутолиоти эроншиносӣ ва армании Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мутолиоти Африқоии Донишгоҳи ибрии Байтулмуқаддас (1975-80). Аз соли 1981 мудири бахши ҳиндушиносӣ, эроншиносӣ ва арманишиносии ҳамин донишгоҳ. Михаэл Занд ҳамчунин яке аз ташаббускорон ва сардабири «Донишномаи мухтасари яҳуд» (ба забони русӣ) буд ва қоидаҳои илмиеро, ки донишнома бояд ба тавассути онҳо сохта шавад, мураттаб сохт. Сармушовир ва яке аз муаллифони фаъоли ҳамин муассиса.
Михаэл Занд оид ба фаъолияти тарҷумонии Бадеъуззамони Ҳамадонӣ, Абулфатҳи Бӯстӣ, Абулҳасан Аҳмад ибни Муаммил, Абулқосими Шаҷарӣ, Ҳасани Бадеҳӣ, Абуалӣ Муҳаммад ибни Аҳмади Яздгирдӣ ва дигарон маълумот дода, аз тарафи онҳо муаррифӣ гардидани ашъори шоирони машҳури асри 10 — Мантиқии Розӣ, Абушакури Балхӣ, Маъруфии Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Дақиқии Балхӣ ва Рӯдакиро таҳлилу баррасӣ кардааст. Михаэл Занд осори адабии марбут ба забонҳои эронӣ, аз ҷумла насри адабии яҳудиёни Бухороро дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 тайёр кардааст. Осори илмии Михаэл Занд: «Соҳибқирони шоирӣ — устод Рӯдакӣ» (Сталинобод, 1957), «Шаш қарни шуҳрат» (монография оид ба таърихи адабиёти форсӣ, ки солҳои 1967 ва 1972 ба забонҳои англисиву форсӣ баргардон шуд), «Фарҳанги яҳуд дар Иттиҳоди Шӯравӣ» (ҳамроҳ бо Х. Шмерук, Байтулмуқаддас, 1973), «Яҳудиёни Бухорову кӯҳистон» (ҳамроҳ бо М. Алтшулер ва И. Пинҳоси; Байтулмуқаддас, 1973). Ашъори Михаэл Занд бо тахаллуси Миноҳим де-Розин солҳои 1970 ба забони ибрӣ дар матбуоти Исроил чоп шудаанд. Соли 1971 коллеҷи Ҳибру Юнион (иттиҳоди Ҳибру) ба Михаэл Занд унвони фахрии доктори адабиёти яҳудро дод. Ӯ узви чанде аз муассисаҳои илмӣ — Анҷумани мутолиоти яҳудӣ (ИМА), АИ яҳудиён (ИМА), Иттиҳодияи ҷаҳонии мутолиоти яҳуд ва ғ. мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Занд М. И. Оид ба масъалаҳои тенденсияи халқӣ дар адабиёти тоҷик дар асрҳои 8-9 (Дар бораи пешгузаштагони Рӯдакӣ) // Шарқи сурх. 1953, № 6.
- Антихалифатские и социально обличительные мотивы таджикской поэзии 10 века // Труды Академии наук Таджикской ССР. Т. 27, 1954;
- Мавзӯи хирад ва дониш дар эҷодиёти Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ // Шарқи сурх, 1956, № 2;
- Ҷиҳатҳои зиддихилофатӣ ва иҷтимоӣ дар назми Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ // Шарқи сурх, 1956, № 12.;
- Рудаки // Вопросы литературы, 1958; Искусство перевода в таджикской поэзии 10 века // Рудаки и его эпоха. Д., 1958.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Занд Михаэл / Ш. Муҳаммадиев // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Азизқулов Ҷ. Муносибати «Синдбоднома»-и Заҳирӣ бо абёти Рӯдакӣ // Садои Шарқ, 1966, № 9;
- Муҳаммадӣ Ш. Занд // Донишномаи Рӯдакӣ. Д., 2008. Ш. Муҳаммадиев.