Jump to content

Миёнаравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Миёнаравӣ — фаъолияти касбӣ оид ба иҷрои вазифаҳои миёнаравӣ бо мақсади ҳамкории тарафҳо аст, ки хоҳиши аҳд бастан доранд. Имкон дорад шахсони алоҳидаи воқеӣ (маклерҳо, брокерҳо) ва ҳам ширкатҳои миёнарав ҳамчун миёнрав фаъолият намоянд.

Миёнарав аз номи худ бевосита аҳд набаста, балки манфиати ҳарду тарафро ифода менамояд ва дар назди онҳо барои зарари бо гуноҳи ӯ расида масъулият дорад. Бинобар ҳуқуқи меҳнатӣ миёнарав бо мувофиқаи тарафҳо интихоб карда мешавад ва ӯ дар гузаронидани гуфтушунид ва ҳосил гардидани созиш ба онҳо ёрӣ мерасонад. Миёнарав ҳақ дорад, ки барои иҷрои вазифаҳояш аз тарафҳо тамоми маълумоту ҳуҷҷатҳои заруриро талаб карда гирад. Миёнарав ҳақ надорад маълумоти махфиро, ки барои иҷрои вазифаҳояш гирифтааст, фош намояд. Қоидаи миёнаравиро тарафҳо бо ризоияти миёнарав муайян мекунанд. Миёнарав баъди кӯшиши оштӣ кунонидани тарафҳо ба онҳо оид ба ҳалли баҳс (низоъ) тавсиянома навишта медиҳад. Агар ҳеч кадоме аз тарафҳо дар давоми даҳ рӯз таклифи миёнаравро рад накарда бошад ва ё агар тарафҳо қаблан оид ба иҷрои ин тавсиянома созишнома имзо карда бошанд, он барои тарафҳо воҷиб мегардад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 292-293