Jump to content

Байнаннаҳрайн

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Миёндурӯд)
Минтақаи таърихию ҷуғрофӣ

Байнаннаҳрайн

Харита

Байнаннаҳрайн (ар. بین‌النهرین‎ — байни ду наҳр, байни ду дарё, ё ар. ما بين النهرين‎, Мобайнанаҳрайн[1]; ором. ܒܝܬ ܢܗܪܝܢ, ар. الجزيرة‎, Ал-Ҷазира[1]; юн.-қад. Μεσοποταμία, Месопотамия) — сарзамине дар миёноб ва поёноби дарёҳои Даҷлаву Фурот ва Корун (дар қисми ғарбии Осиё), ки аз Халиҷи Форс (дар ҷануб то пуштакӯҳҳои Арманистон (дар шимол)-ро фаро мегирад. Баъзан қисми шимоли (болооби) ин ду дарёро, ки арабҳо онро «Ҷазира» мегуфтанд, Байнаннаҳрайн меномиданд.

Байнаннаҳрайн яке аз гаҳвораҳои тамаддуни аҳди бостон дар сарзаминҳои Авруосиё мебошад. Он аз замини ҳамвори регӣ ва сангҳои обоварди дарёиву баҳрӣ иборат буда, қисми ҷанубиаш пастии бузургеро ташкил медиҳад. Баландии ин пастӣ дар шимол 200—250 м, дар ҷануб 100 м ва дар баъзе ноҳияи Шаттулараб аз он ҳам камтар аст.

Дарёҳои Даҷла (1840 км) ва Фурот (2850 км) дар Қуна (воқеъ дар 96 километрии шаҳри Басра) ба ҳам пайваста, дарёи Арвандрӯд (Шаттулараб)-ро ташкил медиҳанд, ки он ба Халиҷи Форс рафта мерезад. Фосилаи байни дарёҳои мазкур дар наздикии шаҳри Бағдод ба 32 км мерасад. Дар Байнаннаҳрайн дарёҳои бузурги Хабур, Ҷулоб ва ғайра низ мавҷуданд, ки баҳорон пуроб ва зимистон камобанд. Дар ин сарзамин кӯлҳои зиёде (Ҳаммор, Саъдия ва ғайра) низ мавҷуданд, ки тобистон обашон хеле кам шуда, боиси мушкили обёрии зироатҳои кишоварзӣ мегардад. Аксари заминҳои Байнаннаҳрайн шӯразоранд.

Иқлими Байнаннаҳрайн хушк, дар шимол — субтропикӣ, дар ҷануб — тропикӣ (гармсер). Боришоти миёнаи солона то 300 мм, дар баландиҳо бештар, дар ҷануб то 100—200 мм. Зироаткорӣ аз қадимулайём инкишоф ёфтааст. Асосан гандум, ҷав, шолӣ, пахта ва диг. зироатҳои лӯбиёӣ мекоранд. Дар соҳилҳои дарёҳо ва лаб-лаби каналҳо найшакар мерӯяд.

Захираҳои табиӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Байнаннаҳрайн захираи нафту гази табиӣ фаровон аст. Манбаи асосии истихроҷи нафт дар шимол Байнаннаҳрайн шаҳрҳои Мавасил ва Киркул (дар Ироқи кунунӣ) ва дар ҷануб ҳаволии Басра аст. Дар соҳилҳои Даҷлаву Фурот дарахти зайтун ва чакалакзорҳои дарахти хурмо мавҷуданд. Аз сабаби фаровонии бешазорҳои соҳилҳои дарёҳо дар Байнаннаҳрайн чормағз ва диг. дарахтони мевадор ҳам мерӯянд. Мурғони обии гуногун зиёданд. Олами ҳайвоноти Байнаннаҳрайнро шер, ғизол, шағол, шутурмурғ, хуки ёбоӣ ва ғайра ташкил медиҳанд.

Дар Байнаннаҳрайн баробари кишоварзӣ аз қадим чорводорӣ низ ривоҷ дошт. Дар гузашта муносибати ҳатаърихи зироаткорону чорводорон, ҳамкории байни соҳилнишинону саҳрогардон ба дараҷае буда, ки зиндагӣ ва муносибати мусолиҳатомези онҳоро таъмин намуда, табодули мол, доду ситад ва тиҷорати байни онҳоро фароҳам овардааст. Имрӯзҳо низ чунин муносибат байни зироаткорону чорводорон ба мушоҳида мерасад. Фаровонии дашту саҳроҳои сералаф ва гиёҳу буттаҳои гуногун омили асосии ривоҷи чорводорӣ дар ин сарзамин мебошад. Сайди моҳӣ низ аз қадим роиҷ буд ва ҳоло бо инкишофи дарёнавардию баҳрнавардӣ моҳигирӣ низ тараққӣ кардааст.

Дар аҳди бостон Байнаннаҳрайн гуфта танҳо давлати шумериҳо дар қисмати поёноби дарёҳои Даҷлаву Фуротро дар назар доштанд, ки моҳиятан аз давлатҳои Шумеру Аккад иборат буд. Дар миёнаҳои ҳазораи якум юнониҳо ин минтақаро «Вавилония» (Бобилистон) меномиданд. Дар минтақаи болооби дарёҳои мазкур давлатҳои Ошуриён ва Суриёниён ҷойгир буданд. Ба ибораи дигар, дар ҳазораҳои то м. номи воҳиде барои сарзамини Байнаннаҳрайн вуҷуд надошт. Минтақае, ки дар даштҳои васеъу фарох давлатҳои шумериҳову аккадиҳо, баъдтар бобилиёну келдониён дар ҷан. ғарби Бағдоди кунунӣ арзи вуҷуд намуда буданд, Байнаннаҳрайн номида мешуд. Қисмати болооби дарёҳои Даҷлаву Фурот, ки арабҳо онро бо номи «Ҷазира» дар навиштаҳояшон ёд карда, бо номи сокинони пешазисломиашон унвон намудаанд, аз се минтақа — Рабиъа (марказаш Мавасил), Музар (марказаш Руқа) ва Бакр (марказаш Амад) иборат буд. Ибни Хурдодбеҳ низ бахшҳои ҷанубӣ ва шимолии дарёҳои Даҷлаву Фуротро ду сарзамини алоҳида ба қалам додааст. Муаллифи «Ҳудуду-л-олам» 26 ва Ҳамдуллоҳи Муставфӣ 25 шаҳру ноҳияи Ҷазираро дар осорашон номбар намудаанд. Пас Байнаннаҳрайни кунунӣ дар аҳди қадим ҳам шомили поёноб ва ҳам шомили болооби дарёҳои Даҷлаву Фурот будааст. Танҳо дар давраи ошуриён тамоми сарзаминҳои болоию поёнии онро Байнаннаҳрайн меномиданд.

Тибқи иттилооти бостоншиносон дар давраи неолиту энеолит дар ҳавзаи дарёҳои Даҷлаву Фурот кишоварзони навмуқимишуда ва галадорони нимкӯчӣ зиндагӣ мекарданд, ки маданиятҳои қадимии Хастуна (дар Ғ.-и Мавасил), Сомарро (дар ҳаволии Тали Сивон), Ҳалаф (дар Шим. Сурия), Убайда (дар Ҷ. Ироқ), Увайли (дар Уриду) ва «Сафоли ранга»-ро ба вуҷуд оварда буданд. Баъдтар муҳоҷирони шумерию бобилию калдонӣ дар Ҷ. ва ошуриёну ҳурриҳову хетиҳову оромиҳо дар Шим. Байнаннаҳрайн маскун шуданд. Мувофиқи ақидаи тамаддуншиносон, аз ҷумла Арнолд Тойнби дар «Таърихи тамаддун», дар сарзамини Байнаннаҳрайн панҷ тамаддуни аҳди қадим амал мекард, ки ҳар яке сарнавишти хосси худро дошт.

Қадимтарин тамаддуни Байнаннаҳрайн дар ҳазораҳои 5-4 то м. ба вуҷуд омада буд. Пояҳои тамаддуни шумерӣ ба рӯйи хоке гузошта шуда буд, ки обхезиҳои мавсимии дарёҳои Даҷлаву Фурот ва бориши зиёд ҳосилхезии заминҳои шумериёнро таъмин менамуданд. Дар ибтидо шумериёни қисми ҷанубии Ироқи кунунӣ қашшоқона зиндагӣ мекарданд ва обхезии дарёҳо зироатҳоро нобуд месохтанд. Вале онҳо силсилаи тадбирҳо, аз қабили хушконидани ботлоқҳо, сохтани оббандҳову обанборҳо, наҳрҳои заҳкашию шабакаҳои обёрӣ, бунёди роҳҳо, маъбадҳо, қасру кушкҳо, шаҳрсозӣ ва диг. амалиёти марбут ба умури кишоварзиро роҳандозӣ намуданд. Дар натиҷаи чунин тадорукот дар нимаи дувуми ҳазораи 4 то м. шумериён ба муваффақиятҳои бузург ноил шуданд. Кишоварзӣ чунон зуд тараққӣ кард, ки ба гуфтаи фарҳангшиносон, дар ин давра шумериҳо аз ботлоқзорҳои хушконидашуда 86 баробари тухмии коштаашон ҳосил ғундоштанд. Пойтахти шумериён шаҳри Ур ободу зебо гардид, қасри шоҳӣ ва маъбадҳо сохта шуданд. Шаҳрҳои бузург ба мисли Урук (Варқаи кунунӣ), Ларсо (Синкрети кунунӣ), Ниффер, Нейсин ва ғ. арзи вуҷуд намуданд. Минбаъд шаҳр-давлатҳои бузург дар империяи шумериён ташаккул ёфтанд, ки онҳоро «шоҳ-коҳин»-ҳо (Patesi) идора мекарданд. Дар назди маъбадҳо анборҳои бузург барои нигаҳдории ғалла мавҷуд буданд ва рӯҳониён ба умури хоҷагӣ, муҳосиба, содироти ғалладона ба давлатҳои хориҷаи дуру наздик ва ворид намудани чӯб, филиззот, ғуломон ва диг. маводди мавриди ниёзи шумериён машғул шуданд. Ин ҳодиса барои ба вуҷуд омадани хат мусоидат намуд.

Аккадиҳо муҳоҷирони соминажоде буданд, ки тақр. дар нимаи дувуми ҳазораи 3 то м. аз қисми ғарбии Арабистон омада, дар атрофи давлати Шумериён иқомат ихтиёр карданд. Онҳо соли 2340 то м. бо роҳбарии Саргони Кабир давлати Аккадиёнро созмон доданд, ки пойтахташ шаҳри Агода (Аккад) буд. Саргони Кабир бисёр шаҳрҳо, аз ҷумла шаҳрҳои қаламрави Иломиҳоро тасхир намуда, қаламрави худро дар Шим. Ҷ. ва Шим. Ғ. тавсиа ва нахустин империяи бузургро таъсис дод. Саргон (Sorqon) 55 сол ҳукмронӣ кард. Аккадиҳо як силсила унсурҳои фарҳангӣ (хат, эътиқодоти динӣ, улуму замона ва ғайра)-ро аз шумериён касб карда, давлаташонро нерӯманд сохтанд ва нуфузашонро аз Баҳри Миёназамин дар Ғ. то Баҳри Каспий дар Шим. ва Халиҷи Форс дар Ҷ. тавсиа доданд. Маркази империяи Аккад дар масири роҳи корвонӣ қарор дошт. Он сарзаминҳоро аз Арманистон сар карда, то Халиҷи Форсу Эрон ва аз Осиёи Хурд то Баҳри Миёназамин ба ҳам мепайваст. Баъди вафоти Саргон саросари Аккадро ошӯбҳо фаро гирифтанд. Писари ӯ Нарам Син пеши роҳи таназзули Аккадро гирифтан натавонист ва охирҳои ҳазораи 3 то м. шумериён тавонистанд, ки аз чанги асорати аккадиён халос шаванд. Онҳо баъди обхезии бузург, ки олимон онро ба «Тӯфони Нӯҳ» нисбат додаанд, шаҳри Кишро маркази худ интихоб намуданд. Тақр. садаи XXI то м. иломиҳо ба онҳо ҳуҷум карда, ба ҳукмронии шумериён хотима доданд. Вале онҳо боз 5 асри дигар фарҳангу маънавиёти худро ҳифз карданд. Коҳинони шумерӣ ба як навъ табақаи рӯҳонӣ табдил ёфта, боз асрҳои зиёд фаъолият доштанд. Баъдтар қабилаи «гутӣ»-ҳо аз Ш. ва ошуриҳо аз Ғ. пай дар пай ба аккадиҳо ҳуҷум карда, ба ҳукмронии онҳо дар Байнаннаҳрайн хотима доданд.

Дар ибтидои ҳазораи 2 то м. дар Байнаннаҳрайн давлате бо номи Ошуриён арзи вуҷуд намуд. Он дар ҳудуди чаҳор шаҳри воқеъ дар соҳилҳои Даҷла — Ошур (Шарлотаи кунунӣ), Арбела (Арбиёи кунунӣ), Кулах (Намруди кунунӣ) ва Нанаво (муқобили шаҳри Мавасили кунунӣ) ҷойгир шуда буд. Сокинони Ошур аз сомиёни Бобилу Аккад, қабилаҳои ғайрисомии ғарбӣ (хетиёну митониён) ва кӯҳнишинҳои курди Қафқоз иборат буданд. Онҳо ба Бобил ҳуҷум карда, соли 1900 то м. истиқлол ба даст оварданд ва Бобилро пойтахти худ эълон намуданд. Симиобум нахустин силсилаи шоҳиро ташкил кард. Султони овозадори Ошуриён Ҳаммурапӣ (ҳукмр. 1892—1850) дар таърих ҳамчун шоҳи кишваркушою нерӯманд ва қонунгузор машҳур шуда буд. Ӯ бори аввал дар таърих дар соҳаи ҳуқуқ «Маҷмӯи қонунҳо»-и худро дар рӯйи сахрасанги диорит навишта, дар маркази шаҳр гузошта буд, ки ҳоло он дар осорхонаи Луври Фаронса нигаҳдорӣ мешавад. Ҳаммурапӣ Сурияро низ тасхир кард ва маркази сиёсию фарҳангӣ ба қисмати шимоли Байнаннаҳрайн интиқол ёфт. Баъди 8 соли марги Ҳаммурапӣ коситҳо ва иломиҳо сарзамини Бобилистонро тасхир карданд. Митониён дар Шим. Байнаннаҳрайн ба тавсеаи давлати худ шурӯъ намуданд. Шоҳи Митониён Парратарна қисми шимолии Сурияро ба даст овард, Сауссадатар дар охири садаи XVI то м. Ошуриёнро ба худ тобеъ кард. Дар ибтидои ҳазораи 1 то м. оромиҳо аз Арабистон омада, дар Шим. Байнаннаҳрайн ва Сурия ҷойгир шуданд. Ошуриён, ки дар қисми ҷануб истиқлоли нисбии худро ҳифз намуда буданд, зуд иқтисодашонро қавӣ карда, бо сарварии Салмансари I ба фатҳи сарзаминҳои хурди шимол ноил гардиданд. Давраи нави таърихи Ошуриён шурӯъ шуд, ки онро империяи Ошури ҷадид ё худ империяи Калдониён низ меномиданд. Калдониён тадриҷан тамоми Сурия, Финикия ва Урартуро ба даст дароварданд. Онҳо шаҳри Колахро пойтахти нави худ қарор дода, қаламрави худро то Арабистон вусъат доданд.

Ошурбанипали II дувоздаҳ шаҳри дигарро низ ба тасарруфи худ даровард. Салмансари III ҳудуди давлаташро то Димишқ васеъ кард ва Пулсари II футуҳоти худро аз Қафқоз то ба Миср густариш бахшид. Ибтидои ҳазораи 1 то м. дар Байнаннаҳрайн ҷангу ситези байни ошуриёну бобилиён, иломиён ва давлати Урарту ба амал омад, ки меҳвари набарди давлатҳои тоза бавуҷудомадаи Сурия, Митониён, Киликия, Финиқия ва ғ. буд. Давраи салтанати Тиглатпаласари II (745—727 то м.) ва Набукатнасари II беҳтарин солҳои инкишофи ин тамаддун буд. Онҳо Фаластинро низ тасхир намуда, яҳудиёнро низ тобеъи худ намуданд. Охирин шоҳи Бобил Набонид аз парастиши Худои анъанавии бобилиён Мардук даст кашида, тахти шоҳиро тарк намуда, дар саҳрои Арабистон гӯшанишиниро ихтиёр кард ва минбаъд ин давлати мутамарказ ба осонӣ туъмаи дасти пурқудрати форсҳо гардид.

Дар ибтидои ҳазораи 2 то м. дар ҳудуди Осиёи Хурд мардуми дорои тамаддуни шаҳрӣ, ки маншаи он ҳанӯз ба хубӣ равшан нест, зиндагӣ мекарданд. Онҳо унсурҳои мушаххаси ҳиндуаврупоӣ доштанд ва худро «хетҳо» ё «хетиҳо» (Hitties) меномиданд. Дар натиҷаи ҳафриёти Бағозкӯй маълум гардид, ки дар ибтидои садаи XX то м. хетиҳо аз давлатҳои хурди амирнишин иборат буданд. Соли 1700 то м. онҳо давлати қудратманди худро таъсис дода, навоҳии ҳаволии Осиёи Хурд ва Осиёи Ҷанубу Ғарбиро тасхир намуданд ва нуфузашонро то Баҳри Миёназамин тавсиа доданд. Хетиён соли 1600 то м. Бобилро тасхир карданд ва Суппилулиум соли 1350 то м. империяи худро созмон дод. Баъди ташкили империя онҳо заминҳои Митониёнро то соҳили ғарбии Фурот ва шим. Сурия фатҳ намуданд ва шим. Сурияро низ ба даст оварда, тамаддуни «Хети бузург»-ро созмон доданд. Вале онҳо дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонӣ бо фиръавнҳои Миср заиф шуданд ва зимни тохтутозҳо дар ин минтақа мушкетҳои Фракия ба онҳо зарбаи қатъӣ расонданд. Асрҳои 6-4 то м. Ҳахоманишиён Байнаннаҳрайнро забт намуданд. Куруши Кабир зимоми салтанат дар Бобилро ба писараш Камбуҷиё дод. Баъди Ҳахоманишиён Искандари Мақдунӣ Байнаннаҳрайнро тасхир кард ва дар давраи ҳеллинизм Байнаннаҳрайн ба яке аз вилоятҳои Селевкиён табдил ёфт. Минбаъд бахше аз Байнаннаҳрайн дар ҳайъати давлатҳои Портҳо, Сосониён дохил шуд. Тайсафун аз соли 226 м пойтахти шоҳони сосонӣ буд. Дар замони ҳукмр. Румиён Байнаннаҳрайн ба қисматҳои Osroene дар Ғ. бо шаҳри асосии Эдесса ва Miqdonia дар Ш. бо шаҳрҳои асосиаш Насибин ва Ҳеррон ҷудо шуд. Дар аҳди ислом Байнаннаҳрайн ба ҳайъати хилофати Умавиёну Аббосиён дохил буд. Баъдан онро Салҷуқиён ва муғулҳо истило карданд. Аввали садаи XVI таҳти ҳукмронии Сафавиён ва аз ибтидои садаи XVII то соли 1918 Байнаннаҳрайн дар ҳайъати империяи Усмониҳо қарор дошт. Ҳоло қисми зиёди Байнаннаҳрайн ба Ироқ, қисмҳои боқимондааш ба Сурияву Туркия дохил мешавад.

Тамаддуни қадимии Байнаннаҳрайн маданияти шумерию аккадӣ ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, дар Байнаннаҳрайн илмҳои риёзию ҳайъат ба дараҷаи баланд инкишоф ёфта буданд. Хатти шумерӣ дар пойтахти онҳо шаҳри Ур ба вуҷуд омад ва сабти таърих аз ин айём шурӯъ шуд. Дар шаҳри Телло ба миқдори 30 ҳазор лавҳои гилӣ пайдо шуданд, ки бузургтарин бозёфти фарҳангӣ ва маданияти маънавӣ ба шумор мераванд. Дар онҳо, тибқи маълумоти олимон, аз дараҷаи тараққиёти улуми замона, аз ҷумла илми ҳисоб, ситорашиносӣ, гиёҳшиносӣ, тиб, риёзиёт, мусалласот ва ғ. иттилооти фаровон оварда шудаанд. Корҳои сохтмонию маъмурӣ низ дар Байнаннаҳрайн тараққӣ карда буданд. Дар Ниппур бостоншиносон маҷрои оби сарпӯшидаеро кашф карданд, ки таърихи панҷҳазорсола доштааст. Дар маданияти Шумер кохҳо ба сурати қалъа сохта шуда, намои берунии онҳо бо хиштҳои тазайюнӣ оро дода мешуданд. Бузургтарин маъбадҳо дар теппаҳои шаҳр бо бурҷҳои ҳафттабақа сохта мешуданд. Аз гӯристонҳои шаҳри Ур ашёи заррин пайдо шуданд; гулдони симини Артемену ҳоло дар осорхонаи Луври Фаронса ба маърази намоиш гузошта шудааст. Зеботарин кори ҳунарӣ дастаи ханҷарҳои заррине буд, ки бо сангҳои фирӯза ва лоҷувард мунаббаткорӣ шудаанд. Қадимтарин чархе, ки то кунун кашф шудааст, аз қабри подшоҳони Ур ба даст омадааст.

Муҳимтарин ёдгори аҳди қадими Байнаннаҳрайн достони ҳамосавии «Гилғамеш»-и шумериҳо мебошад, ки хетиҳо онро тарҷума карда, шарҳу эзоҳи зиёде ворид намудаанд. Ошуриён «Маҷмуаи қонунҳо»-и Ҳаммурапиро, ки иборат аз 285 модда мебошад, ба ҷаҳониён арза доштаанд, ки ба унвони аввалин қонунномаи башар қабул шудааст. Дар империяи Ошуриён бузургтарин китобхона таъсис дода шуда, дар лавҳҳои гилӣ тамоми маълумоти замона ҷамъоварӣ шуда буданд. Дар империяи Хетиҳо аввалин Аҳдномаҳои байни давлатҳо ба вуҷуд омаданд, ки дар он барои иҷрои матолиби Аҳднома ба худоён савганд ёд мекарданд. Хетиҳо чун истихроҷу инҳисори оҳанро дар даст доштанд, баъди таназзули давлаташон аз тариқи Осиёи Хурд ба Ғ. муҳоҷират намуда, интишордиҳандаи асри оҳан дар Аврупо шинохта шуданд.

Сохтани олоти зинатӣ, саноати ҷавоҳирсозӣ, сохтмони бурҷу қасру кӯшкҳо дар давраи Ошуриён низ ба назар мерасид. Бурҷи Бобил яке аз ҳафт мӯъҷизаи олами аҳди қадим ба шумор мерафт. Бобил дар замони ҳукмр. Бухтунассари II ба нуқтаи олии тараққиёти худ расида буд. Ӯ баъзе аз биноҳои маъруфи Бобилро бо боғҳои муаллақ зиннат дода буд.

Сокинони асосии Байнаннаҳрайн дар аҳди қадим шумериён, аккадиён, бобилиён, ошуриён, гутиҳо, ҳурриҳо, луллубиён ва ғ. буданд. Ҳоло дар Байнаннаҳрайн асосан арабҳо, курдҳо, туркҳо, суриёниҳо, форсҳо, арманиҳо ва ғ. зиндагӣ мекунанд. Омӯзиши хатти мехии қадим дар Шумер ба он далолат мекунад, ки дар Байнаннаҳрайни поёнӣ аҳолӣ бо ду забон — забонҳои шумерию сомии шарқӣ такаллум мекардаанд. Забони шумерӣ аз қабили забонҳое будааст, ки муодили он дар гурӯҳи (оилаи) забонҳо вуҷуд надоштааст, вале забони сомии шарқиро баъдан забони аккадӣ ё бобилию суриёнӣ хонданд, ки ду гӯиш — бобилию ошурӣ доштааст. Нақши бузурги Байнаннаҳрайнро дар рушду пешрафти тамаддуну фарҳанги башарӣ маълумоти сарчашмаҳои сершумори хаттии таърихию адабию ҷуғрофиёӣ ва ҳафриёти мутааддидаи бостоншиносӣ ба субут мерасонанд.

  • Pliny. Natural History, tr. H. Rakham. London, 1947;
  • The Ceography. tr. H. L. Jones. London, 1966;
  • Le Strange. The Landsofthe Eastern Caliphate. London, 1966;
  • Дьяконов И. М. Развитие земельных отношений в Ассирии. М., 1949;
  • Ҳамон. Общественный и государственный строй Древнего Двуречья. Шумер. М., 1959;
  • Эпос о Гильғамеше/Пер. с шумер. М., 1960, 1998 и т. д.;
  • Дандамаев М. А. Иран при первых Ахеминидах. М., 1963;
  • Луконин В. Г. Культура Сасанидского Ирана. М., 1969;
  • Алайд С. Археология Месопотамии. М., 1984;
  • Дандамаев М. А. Политическая история Ахеменидской державы. М., 1985;
  • Олленхейм А. Древняя Месопотамия. Портрет погибшей цивилизации (A. Leo Oppenhein). Изд. 2-е. М., 1990;
  • Дяконов И. М. Люди города Ура. М., 1990; Ҳамон. Пути истории: от древнейшего человека до наших дней. М., 1994;
  • Когда Ану сотворил небо: Литература древней Месопотамии (тарҷ. аз аккадӣ). М., 2000;
  • Дьяконов И. М. История Мидии от древнейших времён до конца IV века н. э. Изд. 2-е, доп. С-ПБайнаннаҳрайн, 2008;
  • История Востока. Т. 1. Восток в древности. М., 2000;
  • Лединин И. А. Древний Восток. М., 2009;
  • رالف لینتون. سیر تمدن. تهران، ۱۳۷۸؛
  • اسحاق آسموف. فرانک وایت. تاریخ تمدن. تهران، ۱۳۷۸