Модиён
Зоҳир
Дар 6–7-солагӣ пурра инкишоф меёбад; 36 дандон дорад, даври ҳамлаш 11 моҳ; як бача мезояд. Солиму бардам ва боқувват таваллуд шудани тойчаҳо ба тарзи нигоҳубини байтал вобаста аст. Байталҳоро баъди 6 моҳи ҳомилагӣ дар корҳои вазнин истифода намебаранд. Онҳоро 2 моҳ қабл аз зоидан ва 15 рӯз баъди он кор фармудан мамнӯъ аст. Байтал рӯзе 20–25 л шир медиҳад. Гӯшту равғану шири байтал маҳсулоти серғизо буда, хосияти шифоӣ доранд. Аз шири байтал қимиз тайёр мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Байтал // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.