Монблан (фаронсавӣ: Mont Blanc, итолиёвӣ: Monte Bianco), массиви кухиест дар кӯҳҳои Алпи Ғарбӣ, дар сарҳади Фаронса, Италия ва Швейтсария. Тӯлаш 50 км, баланднаш то 4807 м (нуқтаи баландтарини кӯҳҳои Алп ва умуман Аврупои Ғарбӣ). Аз гранит, гнейс ва варақсанги кристаллӣ таркиб ёфтааст. Майдонн умунии пиряххо 277 км 2. Пиряхи калонтаринаш Мер-де-Глас (тулаш 15 км). Дар Монблан расадхонаҳои астрономӣ ва метеорологӣ сохта шудаанд. Аз Монблан туннел (11,6 км) мегузарад, ки шоссеи он Франтсия ва Италияро ба ҳам мепайвандад. Монблан ҷои кӯҳнавардист.