Итолиё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Итолиё
Repubblica Italiana
Парчам Нишон
LocationItaly.png
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Итолиё|]]»
Рӯзи истиқлолият
Забонҳои расмӣ
Пойтахт Рим
Шаҳри калонтарин Рим, Милан, Неапол, Турин, Палермо, Генуя, Болоня, Флоренсия, Бари, Катания, Венетсия
Идораи давлат
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
71-ум ҷой дар ҷaҳон
301 340км² (бо ҷазира 309 547) км²
2,4 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2017)
  • Зичӣ
43-ум ҷой дар ҷaҳон
60 497 174
200,76 нафар/км²
Пули миллӣ евро
Интернет-Домен .it (ва .eu)
Коди телефон +39
Соат UTC +1 +2

Итолиё ё Италия (итол. Italia, номи расмӣ — Ҷумҳурии Итолиё (итол. Repubblica Italiana)) — яке аз давлатҳои тараққикардаи Аврупо мебошад. Ҳамсарҳади мекунад: бо Фаронса дар шимоли-ғарб (масофа сарҳад — 488 км), бо Швейтсария (740 км) ва бо Утриш (430 км) — дар шимол, бо Словения — дар шимоли-шарқ (232 км). Ин чунин сарҳади дохилӣ бо Ватикан (3,2 км) ва Сан-Марино (39 км).

Таърих[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Таърихи Итолиё

Руми Бостон[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Руми Бостон

Дар аввали ҳазора I п.м. ҷануб ва маркази Итолиё халқҳои итолиёӣ сукунат мекарданд ва яке аз онҳо қабилаи лотин буд. Лотинҳо Иттиҳоди лотинҳоро ташкил карданд, ки аз 30 сивитат иборат буда ҳукумати ҳар яки онҳо аз машварати халқи иборат буд (комиссия). Аз рӯи қиссаҳои лотинӣ аз ҳама пурзӯртарин сивитат Лаврент буд ва пас Лавиния ва Алба-Лонга, дар асри VI аз ҳама пурзӯртарин сивитати иттиҳод Рим гашт. Баъди ҷангҳо соли 290 Рим ҳамаи халқҳои итолиро зери таъсири худ гардонид. Як қисми заминҳое ки аҳолии ғайриримӣ дошт ба римиҳо супурда мешуд ва дар онҳо маҳаллаҳои римӣ бунёд мекарданд ва ингуна Итолиё аз халқҳои романӣ сершумор гардид. Дар вақти ҳукмронии шоҳаншоҳ Диоклетиан дар Итолиё тақсимоти маъмурӣ баргузор гашт ва онро ба вилоятҳо тақсим карданд. Баъди шикаст хӯрдани Имперотурии Рум дар соли 476 подшоҳи Итолиё сарлашкар Одоакр эълон шуд, (аз қабилаи руг), аммо дар соли 493 сарватҳои ӯро остготҳо забт карда худи Одоакрро куштанд.

Сиёсату ҳукумат[вироиш]

Тақсимоти маъмурӣ[вироиш]

Тақсимоти маъмурии Итолиё

Мавқеи иқтисодӣ ва ҷуғрофӣ[вироиш]

Масоҳаташ-301.0 ҳазор км. Аҳолияш-58.3 млн нафар. Пойтахт - Рум. Забони давлатӣ - итолиёӣ. Воҳиди пул - лираи итолиёӣ. Итолиё дар қисми Ҷанубии Урупо ҷойгир буда, онро мувофиқи шароити табиию таърихӣ, инкишофи хоҷагӣ ба се қисм ҷудо кардаанд: қисми материкӣ, қисми нимҷазиравӣ ва қисми ҷазиравӣ.Сарҳади обияш аз сарҳади хушкиаш чор маротиба зиёд аст.Ноҳияҳои дохили хушки аз баҳр 200-300 километр дур вокеь гардидаанд. Дарёи Миёназамин Итолиёро бо Ховари Миёна, шимоли Африқо ва кишварҳои ҷануби Урупо пайваст менамояд. Ин ба тарақиёти хоҷагии Итолиё мусоидат менамояд.Роҳҳои ҳавоии трансконтиненталӣ аз фазои Итолиё мегузаранд.

Аҳолӣ[вироиш]

Аз рӯи шумораи аҳолии Итолиё дар Урупои Ғарбӣ баъди Олмон дар ҷои дуюм меистад. Барои мамлакат эмигратсияи доимӣ хос аст. Сабабҳои асосии ин ҳолат шароити вазнини зиндагии деҳқонон, бекорӣ ва дараҷаи пасти музди кории коргарон мебошад. Дар Итолиё нисбат ба Аврупои Ғарбӣ дида пасттарин сатҳи муҳоҷират ба кишваоҳои Иттиҳодияи Урупо зиёд гардид. Дар ҷойгиршавии ҷамъият шаҳрнишинӣ таъсири калон расонида аст. Қисми зиёди аҳолии шаҳр дар шимоли кишвар сокин шудааст. Аксари шаҳрҳои Итолиё дорои таърихи қадима мебошанд. Онҳо ҳамчун осорхонаҳои таърихии аз ёдгориҳои бой мебошанд. Дар байни онҳо шаҳрҳои Рум, Флорентсия, Венетсия, Милан, Генуя, Болония бо ёдгориҳо ва санъати тасвирии худ фарқ мекунанд.

Ҳайати миллии аҳолии Итолиё якхела, 98 фоизи онро итолиёиҳо ташкил менамоянд. Дини онхо масеҳии католикӣ мебошад.Он дар ҳаёти сиёсӣ фаъолона иштирок мекунад ва ба доираи васеъи аҳоли таъсири зиёде мерасонад. Дар қисми ғарбии шаҳри Рум давлати Ватикан ҷойгир аст. Сарвари давлат Попи Рум буда, вай дини католикиро сарварӣ менамояд. Ҳайати синфии аҳолии Итолиё аз пролетариати шаҳру деҳот, деҳқонони қамбағал, косибон ва ҳунармандон иборат аст. Буржуазия синфи ҳукмрон мебошад. Сохти давлатии Итолиё ҷумҳурии порлумонӣ буда, раисҷумҳур сарвари давлат мебошад.

Саноат[вироиш]

Итолиё бо захираҳои ҳама намуд канданиҳои фоиданок хуб таьмин аст.Дар каламрави он захираи гази табии, боксит,полиметалҳо,симоб,сулфур,мармар муаян карда шудаанд.Дар байни мамлкатҳои Аврупо Итолиё аз рӯи захираҳои обӣ ва геотермали фарк мекунад.Саноати ҳозираи Итолиё ба воридти ашёи хом вобастаги дорад. энергетикаи мамлакат ба нефт, кокс, ангишти воридоти ва гази табиию захираҳои обии ватани такя мекунад.Аз рӯи иктидори заводҳои нефткоркуни Итолиё аз мамлакатҳои Аврупои Гарби пеш аст.Катьи назар аз он, ки дар истеҳсоли энергияи барки чои аввалро ТЭС-хо гирифтаанд,вале аҳамияти ГЭС-ҳои дар дарёҳои куҳи сохташуда дар хоҷагии халки мамлакат калон аст.Дар Маркази Итолиё неругоҳҳои баркии геотермали кор мекунанд.Вобаста ба тараққии истеҳсолоти энергияталаб истеҳсоли энергияи барки мунтазам зиёд шуда истодааст.

Мошинсози[вироиш]

Дар иктисодиёти мамлакат мошинсози аҳамияти калон дорад.дар он мошинсозии налкиёти хеле тараққи карда аст.Итолиё ба миқдори зиёд мотороллер, велосипед ва киштию автомобил истехсол мекунад.Аз 3/4 хисаи мошинсози дар шимоли Итолиё ҷойгир карда шудааст.

Тараққиёти мошинсози сабаби афзоиши истехсоли металҳои сиёҳ ва ранга гардид.Металургияи сиёҳ дар заминаи ашёи хоми воридоти (Оҳанпора, чуян,кокс, маьдани оҳану металҳои дигар) инкишоф меёбад.Корхонаҳои калони металургияи сиёҳ дар Торонто,Генуя,Неапол, ҷойгир шудаанд.Дар Милан ва Турин заводҳои металургии азнавкоркуни амал мекунад.Дар назди ГЭС-ҳои кухи сохаи электрометалургия (гудозиши пулод ва алюмини) инкишоф ёфтааст.
Саноати химия ба ашёи хоми воридоти (хоричи) (нефт ва фосфоритхо) ва махалли (гази табии, сулфур ва гайрахо) такя мекунад.Асоси онро мачмуи нефту химия ташкил менамояд.Дра он хиссаи пластмасс ва нахи синтетики калон аст. Кисми зиёди заводҳои химияви дар шимоли Итолиё ҷойгир шудаанд, корхонаҳои мачмуи нефту химия бошад,дар бандарҳои чанубии мамлакат амал мекунад.
Саноати бофандаги асосан аз нахҳои пахта ва синтетики истифода мебарад.Корхонаҳои бофандаги дар шахри Милан ва гирду атрофи он ҷойгир шудаанд.Бухронҳои иктисодии солҳои 70 ва 80 асри ХХ ба сохаҳои киштисозию мошинсози ва бофандаги таьсири зиёд расонидаанд.Дар айни замон сохаҳои мухими саноатро автомобилсози (дар ҷаҳон чои 5-ум) химия, металурги, пулофгудози, саноати сабук ва хуроквори ташкил мекунад.

Т аробарӣ[вироиш]

Вазифаи асосии бору мусофиркашонии дохилиро худрав (автомобил) ичро менамояд. роҳи оҳан дар чои дуюм меистад.Аз нигохи электриконии роҳи оҳан Итолиё дар ҷаҳон яке аз чойҳои аввалро ишгол менамояд. Шимоли мамлакат шабакаи зичи ҳамлу нақл дорад.Дар алокаҳои берунаи Итолиё васоити ҳамлу нақли дарёӣ мавқеъи асосиро ишгол менамояд.

Мардум[вироиш]

Фарҳанг[вироиш]

Пийвандҳо[вироиш]

Commons-logo.svg
Викианбор has media related to:

Эзоҳ[вироиш]

Иттиҳоди Аврупо
Flag of the European Union

Австрия • Белгия • Булғористон • Дания • Ирландия • Испания • Италия • Кипр • Латвия • Литва • Люксембург • Малта • Маҷористон • Нидерланд • Олмон • Подшоҳии Муттаҳида • Лаҳистон • Португалия • Руминия • Словакия • Словения • Фаронса • Финланд • Чехия • Шветсия • Эстония • Юнон