Jump to content

Муаллими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Муаллими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — унвони фахрӣ, (солҳои 1940—1988 Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон, 1989—1991 Ходими хизматнишондодаи маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, 1991—1996 Корманди шоистаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

28 апрели соли 1940, дар асоси Қарори Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ҳамчун, Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта, ба муаллимону роҳбарони макотиби ибтидоию миёна, миёнаи махсус, донишкадаю донишгоҳҳо, муассиаҳои томактабӣ, илмию методӣ, тадқиқотӣ, дигар муассисаҳое, ки ба масоили таълиму тарбия машғуланд, дар ҷумҳурӣ камаш понздаҳ сол (аввал 10 сол) мувофиқи ихтисос босамар кор кардаанд, дар такамули усулҳои омӯзиш ва тарбияи насри наврас саҳми босазо гузоштаанд, супурда шудааст.[1]

  1. Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. — Душанбе, 1983. — с. 515—516.