Мудофиаи гражданӣ
Зоҳир
Мудофиаи гражданӣ — маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатии мудофиавӣ ва муҳофизатие мебошад, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва қаламрави Тоҷикистон то оғоз ва ҳангоми сар задани амалиётҳои ҷангӣ равона шудаанд.
Вазифаҳои асосӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вазифаҳои асосии мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
- пешакӣ, дар замони осоишта, ба нақша гирифтан ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ оид ба омода сохтани аҳолӣ ва қаламрави Тоҷикистон баҳри ҳимоя ҳангоми сар задани амалиётҳои ҷангӣ ва баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт дар замони ҷанг;
- таъсис додан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани мақомотҳои идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, системаи идора, алоқа ва огаҳкунӣ, барои иҷрои вазифаҳо дар замони ҷанг;
- ташкил, омода сохтан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои зудамали қушунҳои мудофиаи гражданӣ, сохторҳои наҷотдиҳӣ ва нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ баҳри иҷрои вазифаҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Тоҷикистон дар замони ҷанг;
- ташкили захираҳои эҳтиётии сафарбарсозии амволи махсуси мудофиаи гражданӣ;
- ташкили захираҳои эҳтиётии озуқа ва доруворӣ;
- ташкили тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ — сардорони мақомоти идора ва қувваҳои мудофиаи гражданӣ, ҷиҳати иҷрои вазифаҳояшон дар замони ҷанг;
- ташкили омӯзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ;
- анҷом додани назорати давлатӣ ба риоя намудани талаботҳои муҳандисӣ-техникии мудофиаи гражданӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои сохтмони иншоотҳо, биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ ва ба истифода додани онҳо;
- ташкили шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лаборатории мудофиаи гражданӣ
- сари вақт огоҳонидани аҳолӣ аз таҳдиди сар задани амалиётҳои ҷангӣ, хатари ҳавоӣ, радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ (бактериологӣ) ва хатари дигар;
- ҷойгиронӣ ва эвакуатсияи аҳолӣ аз шаҳрҳои ба гурӯҳи мудофиаии гражданӣ мансубдонисташуда ва дигар маҳалҳои аҳолинишини дорои иншоотҳои махсусан муҳим, инчунин аз минтақаҳои таҳти таҳдиди зериобмонӣ қарордошта ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба маҳалҳои бехатар;
- ташкили паноҳ намудани аҳолӣ дар иншоотҳои муҳофизатӣ ва таъмини онҳо бо воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва доруворӣ;
- гузаронидани чорабиниҳои рӯшноӣпинҳонкунӣ дар маҳалҳои аҳолинишин ва иншоотҳои иқтисодиёт;
- анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазир;
- таъминоти аввалиндараҷаи аҳолии дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ зарардида, аз он ҷумла бр хидматрасонии тиббӣ, таъминот бо ҷои зист ва дидани чораҳои дигари зарурӣ;
- мубориза бар зидди сӯхторҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ ба вуқӯъ меоянд;
- муайян намудан ва нишон додани маҳалҳое, ки дучори заҳролудшавии радиоактивӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва дигарҳо гаштаанд;
- безараргардонии аҳолӣ, техника, биноҳо, ҳудуд ва гузаронидани чорабиниҳои дигари зарурӣ;
- барқарор кардан ва нигоҳ доштани тартибот дар маҳалҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ зарар дидаанд;
- таъмини фаъолияти хадамоти мудофиаи гражданӣ дар замони ҷанг;
- дафн намудани ҷасадҳо ҳангоми ҷанг;
- таҳия ва амалӣ намудани чораҳо баҳри нигоҳ доштани иншоотҳое, ки барои фаъолияти устувори иқтисодиёт ва зисту зиндагонии аҳолӣ, ки дар ҳолати ҷангӣ заруранд;
- таъмини омодагии доимии қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Манбаъ
[вироиш | вироиши манбаъ](ниг.ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», боби 1, моддаи 1 ва 3).
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |