Jump to content

Тазкира

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тазкира (ар. تذکرة‎ — ёддошт, ёдоварӣ кардан) — маҷмӯъаест, ки дар он шарҳи ҳол ва намуди осори манзуми шоирон мухтасар оварда мешавад; яке аз шаклҳои асримиёнагии адабиётшиносӣ; сарчашма барои омӯзиш ва тадқиқи адабиёт.

Тазкиранигорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тазкиранигорӣ дар адабиёти форс-тоҷик таърихи дуру дарозе дорад. Қадимтарин асарҳо дар таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик, ки ба тазкира монанди доранд, ниҳоянд: «Тазкираи мусаввар»-и Муҳаммади Ровандӣ (бо тасвири шуаро ба қалами Ҷамоли Наққоши Исфаҳонӣ, таълифаш 1172), «Маноқибу-ш-шуаро»-и Камолуддини Хотунӣ (асри 12), «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ (таълифаш 1177), «Китобу-ш-шеър ва-ш-шуаро»-и Диловарӣ (охири асри 11 ибтидои асри 12). Нахустин асаре, ки бо маънои том метавон тазкира номид, «Лубобу-л-албоб»-и Авфии Бухороӣ мебошад.

Дар асрҳои баъд тазкираҳои зер таълиф шудаанд: равзаи 7у-ми «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Туҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ, «Музаккиру-л-аҳбоб»-и Нисории Бухороӣ, «Тазкирату-ш-шуаро»-и Мутрибӣ, «Музаккиру-л-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ, «Туҳфати-л-аҳбоб фӣ-тазкирати-л-асҳоб»-и Возеҳ, «Тазкору-л-ашъор»-и малзуми Садри Зиё ва ғайра. Тазкираҳо бештар аз муқаддима, қисми асл (ки муаллиф шарҳи ҳол ва намунаи ашъори шоиронро меорад) ва хотима иборат мебошанд.

Исми шуаро дар тазкираҳои форсӣ-тоҷикӣ ба тарзи гуногун омадаанд:

  1. Алифбоӣ (аз рӯи ҳарфи анвали исм е тахаллуси шоир) — «Нафоису-л-осор», «Харобот»-и Мирзо Ҳакими Гелонӣ, «Арафоту-л-ошиқин»-и Тақиуддини Муҳаммади Ҳусайнӣ, «Хазинаи ганҷ»-и Имодуддин Маҳмуди Ҳамадонӣ, «Тазкираи Ҳусайнӣ»-и Ҳусайнӣ, «Ништари ишқ»-и Хусайяқулихони Азимободӣ ва ғайра;
  2. Таърихӣ (аз рӯи соли вафот ва замони шоир) — «Хулосату-ш-шуаро»-и Муҳаммади Сӯфӣ, «Майхона»-и Абдуннабии Фахруззамонии Казвивӣ, «Таърихи Ҷаҳонгирӣ»-и Мутрибӣ, «Баҳористони сухан» ва «Сарви озод»-и Ғуломалихони Озоди Балгиромӣ, «Ҳафт иқлим»-и Амин Аҳмади Розӣ ва ғайра;
  3. Ҷуғрофиёӣ (мувофиқи макон ва шахре, ки ватани шоирон буд)— «Лубобу-л-албоб» (хусусияти сулолавӣ ҳам дорад). «Тазкираи Базморо»-и Саидалии Ҳусайнӣ, «Ҳафт иқлим». «Оташкада»-и Озар, «Латоифу-л-хаёл» ва ғайра:
  4. Мазҳабӣ (суннӣ ва шиа) — «Гули раъно», «Аннасу-л-аҳбоб»;
  5. Исми шуаро аз рӯи муқаддасии макон — «Маҷмаъу-ш-шуаро»-и Ҷаҳонгирӣ ва «Анису-лнаҳбоб»;
  6. Аз рӯи шуғли шуаро ва фузало — фаслҳои чудогонаи «Лубобу-л-албоб» ва «Моҳаки шуаро» (дар онҳо муаллифон аввал аксари подшоҳон, сипас зикри шоҳзодагон, баъд зикри умарои дарбор, дар охир зикри шуароро овардаанд).

Тазкираҳо ба ду қисм: умумӣ ва хусусӣ тақсим мешаванд. Тазкираҳои умумӣ шомили зикри шуарои мутақаддим ва мутааххир мебошанд ё худ шоирон сарфи назар аз макону замони зиндагӣ зикр мешаванд: «Лубобу-л-албоб», «Ҳафт иқлим», «Хулосату-л-ашъор», «Арафоту-л-ишқия», «Яди байзо», «Риёзу-ш-шуаро», «Ништари ишқ», «Рӯзи равшан» ва ғайра. Дар тазкираҳои хусусӣ сухан аз аҳволу осори гуруҳи хоси шуаро ё муосирони тазкиранигор меравад: «Музаккиру-л-аҳбоб», «Мақолоту-ш-шуаро», «Нигористони сухан», «Таърихи Ҷаҳонггарӣ» ва ғайра. Тазкира ҳо аз рӯи матлаби муаллиф низ ба ду тақсим мешаванд: асил ва ғайри асил. Дар тазкираҳои асил қариб тамоми матлаб аз они худи муаллиф мебошад: «Лубобу-л-албоб», «Ҷавоҳиру-л-аҷоиб», «Музаккиру-л-аҳбоб», «Майхона» ва ғайра. Тазкираҳои ғайри асил — тазкираҳое, ки матлаби худро муаллифон аз ҷои дигар овардаанд: «Хулосату-л-ашъор», «Хулосату-ш-шуаро», «Ҳадоиқи ишрат» ва ғайра.

Анъанаи тазкиранигорӣ дар рӯзгори мо ҳам идома дорад. «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Айнӣ аввалин тазкира дар адабиёти советии тоҷик аст. .

  • Тазкира / У. Назиров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).