Jump to content

Музаффар Бурҳонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Музаффар Бурҳонов
Музаффар Бурҳонов
Зодгоҳ: Душанбе ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: раққос, балетмейстер

Музаффар Бурҳонов - раққос ва балетмейстери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1967). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзишгоҳи академии хореографии ба номи А.Я. Ваганови ш Ленинград ва факултети балемейстерии Институти санъати театрии ш. Москаро (1972), хатм кардааст. Солҳои 1961-1980 раққоси балет ва минбаъд сарбалемейстери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд.

Дар 30 спектаклҳо нақш офаридааст. Соли 1972 аввалин балети кори дипломиашро - “Темурмалик” ( М. Ашрафӣ) ба саҳна гузоштааст. Ӯ якҷо бо Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Малика Собирова ҳунарнамои намуда дар сартосари ҷаҳон шуҳрат дошт ва бо ҳунари баланди худ Тоҷикистонро машҳур гардонда буд.[1] Нақшҳои асосиро дар театрҳои хориҷии Туркия,Эрон, Япония, Полша ва Чехословакия, Финляндия, Сингапур, Ҳиндустон, Канада, Тунис ва Либиё, Дания ҳамроҳи раққосаи балет Малика Собирова иҷро кардааст. Дар Озмуни байналмилалии артистони балет дар Варна (1964) бо медали нуқра мукофотонида шудааст.

Қаҳрамонҳои намоишномаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Алберт («Жизел» А.Адан, 1961),
  • Зигфрид («Лебединое озеро» П.Чайковский, 1962),
  • Ленни («Тропою грома» К.Караев, 1963),
  • Базалио («Дон Кихот» Л.Минкус, 1963, 1969, 1980),
  • Зафар, Қодир («Афсонаи кӯҳсор», «Писари Ватан» Ю.Тер - Осипов),
  • Ромео («Ромео и Джульетта» С.Прокофьев, 1966),
  • Маҷнун («Лайлӣ ва Маҷнун» С.Баласанян, 1970),
  • Шоҳзода («Золушка» С.Прокофьев, 1972),
  • Солор («Баядерка» Л.Минкус, 1973, 1974),
  • Дезире («Спящая красавица» П.Чайковский, 1975),
  • Феб («Эсмералда» Пуни, 1976) ва диг.

Намоишномаҳои ба саҳна гузошта

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • «Кӯли қувон» П. Чайковский (1983),
  • «Алибобо ва ғорагарон» Г. Александров (1982),
  • «Суруди кӯҳсорон» Ю. Мамедов (1985),
  • «Ҳазору ак шаб» (1985).
  • Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (1967)
  • ордени “Нишони Фахрӣ”,
  • Ифтихорномаҳои соҳавӣ қадр карда шудааст.[1]