Музҳаб
Зоҳир
Музҳаб (қарни XVIII) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аслу насабаш маълум нест. Музҳаб соҳибдевон бошад ҳам, девони ӯ то ҳол дар феҳристи ягон китобхонани ҷахон зикр нашудааст. Шоир ду маснавӣ дорад: «Шоҳу Гадо» (дар пайравии маснавии Ҳилолӣ), «Лайлӣ ва Маҷнун» (давоми «Лайли ва Маҷнун»-и Мулҳами Бухороӣ, ки ба он се боби нав илова кардааст). Ашъори Музҳаб аз образҳои конкрету аёнӣ, ташбеҳу истиороти рангии саршор аст. Шоир аз давру муҳити зиндагиаш бисёр шикоятҳо дорад:
Нест бе таъсир дар гулшан дили ношоди мо.
Нолаи булбул шавад бӯи гулу фарёди мо.
Ашкам тамом шуд, намаки чашми тар намонд,
Тӯфони гиря дар садафи ман гуҳар намонд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Музҳаб / У. Каримов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).