Мулҳами Бухороӣ
Таърихи даргузашт: | 1720 |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Муллоабдуллоҳ Мулҳами Бухороӣ (?, Бухоро — тақр. 1720) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мулҳам дар оилаи косиб дар Бухоро ба дунё омада, дар он ҷо таҳсили илм кардааст. Мулҳам бо намояндагони илму адаби Бухоро ва Самарқанд аз наздик шинос буда, бо тазкиранавис Малеҳои Самарқандӣ мулоқот кардааст. Аз сухани худи шоир («Ҷаҳонгардам, Ҳироту назми Нозим дидаам, Мулҳам») бармеояд, ки ӯ ба Ҳирот низ сафар кардааст. Мулҳам ба монанди падар ва бобои худ касби хиргоҳсозиро аз худ намуда, ба музди ночизе аз ин касб фақирона рӯз мегузаронид. Махсусан, аҳволи шоир дар айёми пиронсолиаш боз ҳам вазнинтар шудааст.
Мероси адабӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз мероси адабии Мулҳам як девони ашъор иборат аз ғазалиёт, рубоиёт, қитъаҳои таърихӣ, муҳаммасот ва қасидаҳо, ҷамъ 2042 байт ва маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун» (1571 байт) боқӣ мондааст. Ашъори парокандаи Мулҳам дар маҷмӯа ва баёзҳои пас аз асри 17 низ ба назар мерасанд. Дар байни осори боқимондаи Мулҳам ғазал, ки танқиди замони феодалӣ, сарзаниши табақаҳои ҳукмрон, мазаммати тамаъ, тарғиби инсондӯстӣ, ростӣ барин масъалаҳои иҷтимоӣ ва тарбиявиро дарбар мегирад, мақоми асосӣ дорад. Дар девони Мулҳам фақат ду қасида мавҷуд аст, ки яке ба Муҳаммадамин ном дӯсти шоир ва дигаре ба хукмрони замон Абулфайзхон бахшида шудаанд. Дар қисмати тағаззули қасидаи дуюм, бар хилофи мавзӯъҳои маъмулии ташбиби қасида Мулҳам баъди шарҳи ҳоли худ ба танқиди табақаи ҳукмрон мегузарад ва сабаби таълифи қасидаро баён мекунад. Рубоиёт, қитъаҳои таърихӣ ва мухаммасоти шоир устодона суруда шудаанд, вале тозагии ба назар намоён надоранд. Достони нотамоми Мулҳам «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро пас аз марги ӯ шоири асри 18 Музҳаб ба поён расонидааст. Мулҳам ба сюжети анъанавии «Лайлӣ ва Маҷнун» баъзе навигариҳо дохил кардааст. Вале дар достони ӯ назар ба достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ҳилолӣ ва Шоҳин таъсири тасаавуф пурқувваттар мебошад. Ашъори шоир бо забони содда ва равон эҷод гардидааст.
Намунаи ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]То арақ аз чеҳраи он маҳҷабин уфтодааст,
Руй ба хок анҷум аз чархи барин уфтодааст.
Хоксориҳои дилро пур аз чашмони ӯ
Ин кабоб аз дасти мастон бар замин уфтодааст.
Имтиёзи лутфи қаҳрашро зи хам то кардем,
Як тараф заҳру дигар сӯ ангабин уфтодааст.
Оқибат савдои кокул мекунад моро ҳалок,
Ин бало умрест моро дар камин уфтодааст.
Донаи мо нест зери хок, Мулҳам, ҷойгир,
Мекашад сар бар фалак, гар бар замин уфтодааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мулҳам / Т. Неъматзода // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).