Jump to content

Мукаммал Давлатова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мукаммал Давлатова
Мукаммал Давлатова
Мукаммал Давлатова
Мукаммал Давлатова
Таърихи таваллуд 30 июл 1932(1932-07-30)
Зодгоҳ Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС деҳаи Оҳалик
Таърихи даргузашт 24 феврал 2013(2013-02-24) (80 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии занонаи шаҳри Сталинобод
Роҳбари илмӣ Оранский Иосиф Михайлович, доктори илмҳои филология
Шогирдон Маҳмадҷонов Олимҷон Обидҷонович, доктори илмҳои филология

Мукаммал Давлатова (тав. 30.07.1932, шаҳри Самарқанд) — забоншиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ (1969), дотсент (1994).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1957 факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии занонаи шаҳри Сталинободро хатм кардааст. Солҳои 1957—1960 аспиранти донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1960—1969 ходими хурди илмии сектори забони тоҷикии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, 1969—1983 муаллими калони кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Соли 1983 ба муддати 3 моҳ дар Институти забоншиносии АИ ИҶШС ва соли 1990 муддати 3 моҳ дар Донишгоҳи давлатии Ленинград аз курси такмили ихтисос гузаштааст. Солҳои 1994—1995 дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Муаллифи зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад. Корҳои илмию тадқиқотии ӯ ба масъалаҳои таърихи забони тоҷикӣ ва дигар масъалаҳои забоншиносӣ бахшида шудаанд.[1]

  • Пешвандҳои феълсоз ва истифодаи онҳо дар забони «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ // Маҷмӯаи илмии ДДОТ ба номи Т. Г. Шевченко, Д., 1963;
  • Сермаъноии феълҳоисодда дар забони «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ//Баъзе масъалаҳои забоншиносии тоҷик, Д., 1964.
  • Калимасозии феъл дар «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ. Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология, Боку, 1970.
  1. Аз насл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с.(тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6