Jump to content

Мулломаҳмуд Муллоаҳмади Кӯҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мулломаҳмуд Муллоаҳмади Кӯҳӣ

Мулломаҳмуди Муллоаҳмади Кӯҳӣ (1857, Панҷакент — 1914, ҳамон ҷо) — шоир ва хаттоти тоҷик, хатти настаълиқ ва шикастаро хуб менавиштааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи косиби сангу чархи осиёбтарош. Кӯҳӣ аз табори шоир Саййидиброҳим Қосим буда, гузаштагонаш ашхоси хирадманду муътабари диёр маҳсуб мешуданд. Маълумоти ибтидоиро дар назди падараш гирифта, дар мадрасаҳои Самарқанд низ таҳсил кардааст. Аз эҷодиёти Кӯҳӣ тақр. 1500 мисраъ (дар як дафтари дастнависи худи ӯ ва дар ҳошияи китобҳои рӯйнавис ё мутолиакардааш) боқӣ мондаанд. Кӯҳӣ табъи равон ва истеъдоди баланди шеъргӯӣ дошта, бар ашъори баъзе адибони форсу тоҷик, хусусан Сайидо мухаммас бастааст. Баъзан ба ғазалиёти Ҳофиз пайравӣ кардааст. Забони ашъори Кӯҳӣ содаву равон буда, ӯ аз калимаву ибораҳои гуфтугӯӣ ва таъбирҳои рехтаи мардум фаровон истифода бурдааст. Ашъори Кӯҳӣ ба назми фолклорӣ наздик буда, масъалаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии мардуми деҳот дар он инъикос ёфтаанд. Маҷмуаи ашъораш, ки бар асари ҳаводиси рӯзгор пароканда шуда буд, тавассути яке аз пайвандонаш Зиндадили Саҳронишин (иборат аз 4 ғазал, 4 мухаммас, 100 байт) дастрас гардид. Намунаи зер аз абёти ӯст:

Биё, эй дил, бикун сабре, ки он дилдор меояд,
Барои пурсиши он ошиқи бемор меояд.
Ба дӯши хеш то кай мекашӣ ин бори ҳиҷронро,
Бинеҳ акнун, ки он моҳи парирухсор меояд.
Чу булбул бар фироқи гул кашида ранги дилтангӣ,
Кушо чашми тамошо, он гули бехор меояд.
Машин бар кунҷи ғафлат бехабар, бархез, ай Кӯҳӣ,
Даруни сина деҳ ҷояш, ки ин ҷо ёр меояд.

Дил додаам ман ба маҳлиқое,
Ба шӯхчашме, ба дилрабое.
Ба шаҳсаворе, зебонигоре,
Ба гулъузоре, ба хушадое...
Гулҳо бирӯяд, ҳар ҷо ки пӯяд,
Кӯҳӣ бигӯяд сад марҳабое.