Мулло Ёрии Хонанда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мулло Ёрии Хонанда

Мулло Ёрии Хонанда (?, Ҳирот — 1537/38, Бухоро) — хонанда, навозанда, оҳангсоз, таронасоз ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳаёт ва фаъолияти эҷодию ҳунарии Мулло Ёрӣ дар Ҳирот ҷараён гирифта, санъати овозхонӣ, сознавозӣ, шеърро ибтидо аз падараш омӯхт, сипас назди Ғулом Шодӣ такмил дод. Мулло Ёрӣ дар шаклу анвои шеърию мусиқии «савт», «қавл», «амал» ва «рехта» (дар усули мақомҳои «Ироқ», «Ҳусайнӣ», «Рост») таснифоти «Савти дилбарон», «Нақши моҳи сари кӯҳ», «Рехтаи Наво» ва ғайра офарида, ду силсилаи овозии «Ману мастона дар як ҷо», «Дили моро чӣ дархостест» назди устодони созу овози Ҳирот, Самарқанд, Бухоро, Балх, Марв маъмул ва мавриди иҷро будаанд.

Мулло Ёрӣ табъи хуби шоирӣ дошт ва ғазалу маснавӣ, мусаддасоти рангин гуфтааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 167. — ISBN 978-99947-49-13-3.