Jump to content

Мулло Абдулҷаводи Хуросонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мулло Абдулҷаводи Хуросонӣ

Мулло Абдулҷаводи Хуросонӣ (форсӣ: ملا عبدالجواد خراسانی‎; ?, Исфаҳон — 1307, Ҳирот) — мусиқидон, оҳангсоз, ахтаршинос ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Исфаҳон, дар Ҳирот фавтидааст. Аз овони ҷавонӣ илмҳои бадеъ, қофия, мусиқӣ, ҳандаса, нуҷум, мантиқ, ахлоқ ва ғайраро аз худ карда, чанд муддат аз Қутбуддини Шерозӣ таълим гирифтааст. Доир ба масъалаҳои назарияи мусиқӣ «Рисола дар маърифати мусиқӣ»-ро тасниф кардааст, ки он аз 4 фасл иборат аст. Фасли аввал «Дар маънии мусиқӣ ва қавоиди он», фасли дуюм «Дар маърифати илми мусиқӣ, он чи ки дар он равад», фасли сеюм «Дар таърихи иқои мусиқӣ», фасли чорум «Дар таърифи созҳо». Мулло Абдулҷаводи Xуросонӣ инчунин рисолае дар илми нуҷум («Сайру-л-кавокиб») дорад. Дар ғазалсароӣ низ истеъдоди баланд дошт.

  • Мулло Абдулҷаводи Хуросонӣ / А. Раҷабов // Ирландия — Лениннома. — Д. : СИЭСТ, 1981. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 3).