Jump to content

Мулло Муҳаммадиброҳими Ғубор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мулло Муҳаммадиброҳими Ғубор

Мулло Муҳаммадиброҳим Ғубори Балхӣ (форсӣ: ملا محمد ابراهیم غبار بلخی‎; ? — 1681, Бухоро) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш Балх мадрасаро хатм карда, сипас бо даъвати Абдулазизхони Аш­тар­хо­нӣ (ҳукмронӣ 1645—1674) ба Бухоро омадааст. Дар хид­ма­ти дарбор буд ва Абдулазизхон ба ӯ илтифот дошт. Си­пас ба Ҳиндустон сафар карда, бо шоирону донишмандони он ҷо мусоҳиб шудааст. Ба Бухоро барга­­­­ш­та, бо амри Абдулазизхон чанд муддат дар мадрасаҳои Са­мар­қанду Бухоро ба тадрис машғул шуд. Мувофиқи маълумоти таз­киранигор Малеҳои Самарқандӣ рисолаҳои ил­мӣ низ таъ­лиф намудааст. Намунаҳои шеъраш тавассути таз­ки­ра­ҳо ва баёзҳо то замони мо расидаанд. Абёти зер аз ӯст:

Бунафша гирди сараш гашту ман парешонам,
Ки ин шикастазабон ҳарфи зулф мегӯяд.

Ҳамчун нигин зи номи ту пур шуд даҳони мо,
То номи дигаре наравад бар забони мо.
Савдои сӯхтан зи сари мо намеравад,
Чун шамъ агар сафед шавад устухони мо.