Мулло Муҳаммадсолеҳи Бадахшонӣ
Зоҳир
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Мулло Муҳаммадсолеҳ Мухлисии Бадахшонӣ (асри XVII) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар охири асри XVI ва аввали асри XVII умр ба сар бурдааст. Дар Қундузи Бадахшон таваллуд ёфта, барои таҳсили улуми расмии давр ба Бухоро меояд.
Мухлисӣ марди фозилу донишманд ва аз илми шеър бохабар буд. Аз ӯ якчанд ғазалу порчаҳои ҷудогонаи насри бадеӣ тавассутп тазкираву манбаъҳои адабӣ то замони мо расидаанд, вале, мутаассифона, девонаш дастрас нагардидааст. Ғазалҳои Мухлисӣ дар мавзӯъ ва мазмунҳои ишқӣ суруда шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мухлисӣ / А. Ҳабибов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).