Мулло Насруллоҳи Воқиф
Таърихи таваллуд: | 1503 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1553 |
Навъи фаъолият: | шоир |
Воқиф (форсӣ: واقف), Мулло Насруллоҳи Халхолӣ фарзанди Муҳаммадумари Халхолӣ (фавт 1554) — шоир ва донишманди эронӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Исфаҳон таҳсил карда, касби камол намуд. Улуми диниро хуб омӯхта буд ва дар ин бобат чун донишманд ном баровард. Азбаски пайрави мазҳаби суннӣ (шофеӣ) буд, аз Эрон ба шаҳри Ҳалаб, ки он замон дар қаламрави Туркияи Усмонӣ қарор дошт, ҳиҷрат намуд. Дар яке аз мадрасаҳои Ҳалаб ба тадрису кори илмӣ машғул буд. Аз осораш шарҳҳо ба рисолаи «Исботу-л-воҷиб»-и Ҷалолуддини Давонӣ ва «Ҳидоя»-и Майбудӣ, китобе бо номи «Маҷмӯату-л-ҳисоб» маълуманд. Аз Воқиф девони шомили ғазалиёт (дар манбаъҳои адабӣ ӯро устоди ғазал донистаанд), рубоиёт, қитъаҳо боқӣ мондааст. Инчунин дар ҷавоби «Хамса»-и Низомӣ панҷ маснавӣ нигошта будааст, ки онҳо дастраси муҳаққиқон нагардидаанд. Дар шеър ба Низомии Ганҷавӣ ва Ҷалолуддини Румӣ пайравӣ мекардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Алиев Г. Ю. Темы и сюжеты Низами в литературах народов Востока. М., 1985;
- نفیسی سعید. تأریخ نضم و نثر در ایران و درزبان.فارسی. تهران، 1344 هـ. ش.؛
- نصرآبادی. تذکرۀ نصرآبادی. تهران، 1317 هـ. ش.ر
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Воқиф // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.