Мунира Ҷабборова
Мунира Комиловна Ҷабборова | |
Таърихи таваллуд | 10 декабр 1937 (86 сол) |
Зодгоҳ | Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Мунира Комиловна Ҷабборова (10.12.1937, шаҳри Самарқанд) — доктори илми фалсафа (1992), профессор (1995)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мунира Комиловна Ҷабборова соли 1959 факултаи таъриху филологияи ДДТ ба номи В.И. Ленин -ро хатм карда, дар макотиби ноҳияи Шаҳринав дарс додааст. Солҳои 1962-1965 лаборанти калони шуъбаи фалсафаи АИ Тоҷикистон, 1965-1967 аспиранти Институти фалсафаи АИ СССР (ш. Маскав), 1968-1972 муаллими кафедраи таърих ва назарияи атеизми ДДТ ба номи В.И. Ленин, 1972-1992 муаллим ва дотсенти кафедраи фалсафаи Институти политехники Тоҷикистон, 1992-2000 дотсент ва профессор, 2000-2009 мудири кафедраи сотсиология ва ҳуқуқи ҳамин боргоҳи илм кор кардааст. Аз соли 2009 профессори кафедраи илмҳои ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ мебошад.[1]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бобати тарбияи атеистии ҷавонон, роҳҳои аз байн бурдани хурофот ва урфу одатҳои зараровари динии ҷавонон, муносиботи давлату дин, дин ва ҷомеа, дин ва занон, хоса занони Шарқ қариб сад асару мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ навиштааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Задачи атеистического воспитания женщин. – Д., 1970;
- Об эффективности научно-атеистического мировоззрения женщин Востока. – Д., 1971;
- Ҷавонон ва атеизм. – Д., 1975;
- Научные основы политики КПСС по отношению к религии и церкви. – Д., 1980;
- Пути преодоление религиозных пережитков и сознание молодежи. – Д., 1981;
- Атеистическое воспитание молодежи. – Д., 1986[2]
- Причины и тенденции воспроизводства религиозности среди молодежи Таджикистана: Дисс… доктора филос. наук. – Д., 1992.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Кафедры Таджикского Технического Университета/Социология и право -Джабарова Мунира Камиловна д.ф.н., профессор. 25 Декабри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Декабри 2012.
- ↑ Атеистическое воспитание молодежи(пайванди дастнорас)
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 10 декабр
- Зодагони соли 1937
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Самарқанд
- Докторони улуми фалсафа
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Фалсафашиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ