Мураккабгулҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Мураккабгулҳо
Asteracea poster 3.jpg
Тасвири 12 хӯшагули мураккабгулҳо
Таснифоти илмӣ
Номи илмии баналмилалӣ

Asteraceae Bercht. & J.Presl (1820), nom. cons.

Синонимҳо
  • Compositae Giseke — Мураккабгулҳо
Ҷинси типӣ
Таксонҳои иловагӣ

Мураккабгулҳо (лот. Compósitae) ё Косниҳо (лот. Asteráceae) — оилаи рустаниҳои дупалларо гӯянд. Дар тамоми кураи Замин қариб 25 ҳазор намудашон мавҷуд аст. Аксарияти мураккабгулҳо растаниҳои алафианд. Дар арзҳои мӯътадил мураккабгулҳои нимбуттаю бутта ва дар тропи­кӣ буттаю дарахт бештар мерӯянд. Мураккабгулҳои обӣ, ботлоқӣ ва лиана каманд.

Тавсифоти биологӣ[вироиш]

Мураккабгулҳо баргҳои паи ҳам, баъзан рӯ ба рӯ ҷойгиршуда, хӯшагули сабатак доранд. Гули мураккабгулҳо бекосабарг, гардбаргаш 5-то, ғӯракаш поёнии якхонагӣ буда, гинесеяш аз 2 мевабарг иборат аст.

Густариш[вироиш]

Дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ қариб 225 ҷинс ва зиёда аз 3,5 ҳазор намуди мураккабгулҳо маълуманд. Дар Тоҷикистон қариб 105 ҷинс ва 600 намуди мураккабгулҳо аз кӯҳҳои паст то ноҳияҳои абадӣ бо барф пӯшидашуда месабзанд. Дар байни онҳо намудҳои ҷинси хоралаф (зиё­да аз 115 намуд), шибоғ (қариб 60 намуд), юринея (зиёда аз 30 намуд) бештар паҳн шудаанд. Намудҳои ҷинси Gerbera, Acroptilon, Echinopa, Polytaxis ва ғайра (дар кадоме 1 намуд дорад) кам мерӯянд. Як қатор мураккабгулҳо решаи ғафси лӯндамонанд доранд. Ба онҳо намудҳои ҷинси Scorzonera, Helianthus ва ғайра мансубанд.

Корбурд[вироиш]

Дар бай­ни мураккабгулҳо растаниҳои доруӣ хеле бисёранд. Macалан, бобуна, дарманаи румӣ, коснӣ, тархун ва ғайра.

Бисёр намудҳои мураккабгулҳо растаниҳои асаловар ва хӯроки чорво мебошанд. Намудҳои ҷинси шибоғ дар чарогоҳҳои тирамоҳию зимистона хӯроки асосии бузу гӯсфанд ба шумор мераванд.

Дар байни мураккабгулҳо растаниҳои ороишӣ низ хеле бисёранд. Macалан, аббосӣ, бахмалгул, довудӣ, картошкагул, киквош, мино ва ғайра.

Як қатор растаниҳои муҳими хоҷагии қишоқ, ба монанди офтобпараст, маъсар, қоқу, коснӣ, анганор, гвайюла ва ғайра низ ба мураккабгулҳо мансубанд. Баъзе мураккабгулҳо (талха, хори морак, шири харак) алафҳои бегонаи зироатанд.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».

Адабиёт[вироиш]

  • Цветоводство в городах и посёл­ках Таджикистана, Душанбе, 1965;
  • Поля­ков П. П., Систематика и происхожде­ние сложноцветных, Алма-Ата, 1967.

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.