Jump to content

Мурод Бозоров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мурод Бозоров

Мурод Бозоров (Бозоров Мурод Аҳмадҷонович; зод. 29 июни 1957, ноҳияи Марҳамат, вилояти Андиҷон, ҶШС Узбакистон) — домпизишк, доктори илмҳои байторӣ (1994).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти кишоварзии ш. Ивановои Руссия (1984). Байтори калони Филиали осиёимиёнагии Институти таҳқиқоти илмии умумииттифоқии оқсили Душанбе (1984-86), сарбайтор (1986-87), аспирант (1987-89) ва ходими илмии Институти таҳқиқоти илмии умумииттифоқии оқсили ш. Владимири Федератсияи Руссия (1989-90), ходими калони илмӣ (1990-93) ва мудири лабораторияи ташхисоти Филиали осиёимиёнагии Институти таҳқиқоти илмии умумииттифоқии оқсили ш. Душанбе (1993), директори Институти осиёимиёнагии оқсили ш. Душанбе (1993 −2000), ходими илмии пешбари Муассисаи илмӣ-истеҳсолии «Биопрепаратҳо»-и ш. Душанбе (аз 2000). Муаллифи 90 мақолаи илмӣ ва 10 шаҳодатномаи муаллифист.

  • Реакция эритроиммунноадсорбции при изучении ящура (ҳаммуаллиф). Владимир, 1989;
  • Иммунноферментный метод с биотинстраптоавидином при ящуре (ҳаммуаллиф). Владимир, 1991;
  • Иммунноферментный метод при диагностике ящура (ҳаммуаллиф). М., 1991;
  • Иммунноферментный метод с биотинстрептоавидином при ящуре (ҳаммуаллиф). Д., 1993;
  • Технология и контроль изготовления противоящурных биопрепаратов с помощью ускоренного ИФМ (ҳаммуаллиф). Харьков, 1993.