Муруди хирсак
| Муруди хирсак | ||||||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| | ||||||||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
|
ХАТО: пур кардани параметрҳои parent ва rang ҳатмӣ аст.
???: Муруди хирсак |
||||||||||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||||||||||
| Pyrus regelii | ||||||||||||||||
| ||||||||||||||||
Муруди хирсак, хирсакмуруд (лот. Pyrus regelii) — дарахтест аз оилаи настараниҳо.
Тавсифоти биологӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Баландиаш 1,5—6 метр (диаметри танааш то 60 сантиметр), пӯстлохаш ашҳабӣ, сиёҳтоб, баргаш 3—9-ҳиссагӣ (дарозиву бараш 7—8 сантиметр), хӯшагулаш в—19-гула, гулаш сафеди 3— 10-гулбарга, мевааш (6 гула) мудаввар, хеле сахт, талху турш.
Апрел гулу август—сентябр мева мекунад.
Паҳншавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Танҳо дар Осиёи Миёна (Помиру Олой ва Тиёншон) месабзад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаторкӯҳҳои Қурама, Зарафшон ва кӯҳи Муғул (Мевагул) паҳн шудааст. Одатан дар нишебиҳои санглохи арчазор ва бодомзор (700—2200 метр аз сатҳи баҳр) мерӯяд. Дарахти гармибардор буда, нишебиҳои санглоху региро мустаҳкам карда, хокро аз эрозия нигоҳ медорад. Ба муруди хирсак навъҳои нокро пайванд мекунанд. Мевааш бадсифат ва адамияти истеҳсоливу истеъмолӣ надорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дикие плодовые Таджикистава, Ленинград, 1964;
- Флора Таджикской Союза Советских Сотсиалистических Республик. том 4, Ленинград, 1975;
- Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Ленинград, 1976.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муруди хирсак // Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.