Мусобиҳи Абдӣ
сумол. Muuse Biixi Cabdi | |
| |
13 декабр 2017 — 19 ноябр 2024 | |
Пешгузашта | Ahmed Mohamed Mohamoud[d] |
Ҷонишин | Abdirahman Mohamed Abdullahi[d] |
|
|
Таваллуд |
2 январ 1948 (76 сол) |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | ислом |
Соядаст | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мусобиҳи Абдӣ ё Мусо Биҳи Абдӣ ( сумол. Muuse Biixi Cabdi ; ар. موسى بيحي عبدي 1948 ) — сиёсатмадори сумалӣ, афсари собиқи низомӣ, панҷумин президенти давлати эътирофнашудаи Сумалиланд аст, ки дар интихоботи 13 ноябри соли 2017 интихоб шудааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мусо Биҳи соли 1948 дар як деҳаи хурди ғарби Ҳаргейса таваллуд шудааст. Дар кӯдакӣ ба ин шаҳр кӯчид ва дар он ҷо таҳсилро дар мактаби Шайх Баравӣ оғоз кард. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби Биё-Дхакай соли 1959 гирифта, таҳсилро дар Амуде тамом кардааст.
Фаъолияти ҳарбӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар солҳои 1970-ум ӯ яке аз донишҷӯёне буд, ки барои омодагии ҳарбӣ дар Академияи Нерӯҳои Ҳавоии Шӯравӣ ба номи Ю.А.Гагарин [1] даъват шуда буд. Пас аз бозгашт, ӯ яке аз маъруфтарин аъзои нерӯҳои ҳавоии Сомалӣ дар ҷанги соли 1977 байни Сумалӣ ва Эфиопия шуд.
Полковник Мусо Биҳи Абдӣ аз соли 1983 то 1985 дар Форт Ли, Вирҷиния низ таълим гирифтааст [1]. Дар соли 1985, ӯ ба як гурӯҳи шӯришиён, Ҷунбиши миллии Сумалӣ, ки барои ҷудо шудан аз Сумалӣ мубориза мебурд, ҳамроҳ шуд [2].
Аз соли 1985 то соли 1988 Биҳи дар амалиёти пуршиддати ҷанги партизанӣ, ки ҳаракати Сумалӣ ба муқобили режими Сиад Барре мебурд, иштирок дошт. То соли 1990, Биҳи ба ҳайси фармондеҳи шӯришиён хидмат мекард [1].
Фаъолияти сиёсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз истиқлоли Сумалиланд дар соли 1991, Мусо Биҳи дар раванди оштӣ кардани қабилаҳои Сумалӣ дар Бурао, Бербера,[3] ва Борама нақши муҳим бозид.
Дар соли 1993, пас аз суқути ҳукумати собиқи низомии Сумалӣ, Мусо Биҳи дар ҳукумати президент Муҳаммад Ҳоҷӣ Иброҳим Эгал вазири корҳои дохилӣ ва амнияти миллиро бар ӯҳда гирифт.
Соли 2002 узви Кумитаи иҷроияи ҳизби сиёсии «Кулмия» шуд. Дар соли 2015, Биҳи аз ҷониби анҷумани ҳизб ҳамчун номзади «Кулмия» дар интихоботи ояндаи президентии соли 2017 интихоб шуд, ки дар он бо 55,1% овозҳои мардум ғолиб омад [2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Taariikh nololeedka Muse Biixi Cabdi (so). BBC News Somali(пайванди дастнорас — таърих) (9 ноябри 2017). 9 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 июли 2021.
- ↑ 2.0 2.1 Somaliland Ruling Party Candidate Bihi Wins Election | Voice of America - English(англ.). www.voanews.com(пайванди дастнорас — таърих). 9 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 июни 2018.
- ↑ Murrashax Muuse Biixi: Waraysi 24 Sanno ka hor lagaga qaaday Boorama iyo damaciisii Somaliland, archived from the original on 2020-07-04, retrieved 2022-12-20
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони 2 январ
- Зодагони соли 1948
- Зодагони Британияи Кабир
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Роҳбарони кунунии кишварҳо
- Википедиа:Зиндагиномаи муосирон
- Президентҳои Сумалиланд