Мутадорик
Мутадорик (ар. المتدارک — дарёфтан, дарак додан, пайвастан) — номи яке аз бахрҳои аслии (солими) арӯз.
Ин баҳрро барои он мутадорик меноманд, ки рукнҳои ватад ва сабаби онро баъдтар ёфта, ба аркони дигар ҳамроҳ намуданд. Мутадорикро Абулҳасан Ахфаши Балхӣ (вафот 830/33) ихтироъ намуд. Мутадорик дар байни арӯзиён бо номҳои ракзулхайр (суръатнок) ва савтунноқус (садои зангӯла), ғариб низ дучор мешавад. Рукни аслии мутадорик фоъилун (—V—) аст. Дар натиҷаи каму зиёд гардидани ҳиҷову ҳарфҳо ё дигар шудани мавқеи ҳикоҳои дарозу кӯтоҳ таркиби он тағйир ёфта, панҷ зиҳоф ба вуҷуд меояд (махбун — фоъилун; мақтӯъ—фаълун; Махбуни мақтӯъ—фаъал; маҳфуз—фаъ; музол—фоъ). Аз омезиши рукни аслӣ—фоъилун ва зиҳофҳои он зиёда аз шаш навъи баҳри мутадорик дар шаклҳои мусамман, мусаддас ва дар эҷоди шифоҳии мардум, дар шакли мураббаъ сохта мешавад.
Мисолҳо барои мутадорик
[вироиш | вироиши манбаъ]Мутадорики мусаммани солим:
(— V —/— V — /— V — /— V —)
Мо ба ҳам тохтем дар раҳи инкилоб,
Мо зафар ёфтем, босмачӣ шуд хароб.
Мутадорики мусаммани махбун:
(W —/VV —7VV —/VV —)
Чу рухат набувад гули боғи Ирам,
Чу қадат набувад қади сарви чаман.Салмони Соваҷӣ
Мутадорики мусаммани мақтӯъ:
(/ / /)
То кай моро дар ғам дорӣ?
То кай орӣ бар ман хорӣ?Ҷомӣ
Мутадорики мусаммани махбуни мақтӯъ:
(— У —/V—/— V—/V—)
Сунбули сиях бар суман мазан,
Лашкари ҳабаш бар Хутан мазан.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мутадорик / У. Тоиров // Ирландия — Лениннома. — Д. : СИЭСТ, 1981. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 3).