Jump to content

Мушакпарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мушакпарӣ беихтиёр ва мунтазам кашиш хӯрдани мушакҳои ҷудогона ё гурӯҳи мушакҳо. Бештар мушакҳои рӯй, гардан, даст, баъзан мушакҳои забон ва диафрагма мепаранд. Зуҳуроти М. дар беморон гуногун аст, вале дар як одам, одатан, бетағйир мебошад, яъне доим як мушак (ё мушакҳо) кашиш мехӯрад. Мас., ҳангоми паридани мушакҳои рӯй бемор якбора абрӯ чин намуда, чашмро нимпӯш ва лаб қат мекунад, биниашро меҷунбонад; дар ин маврид мумкин аст нисф ё қариб ҳамаи мушакҳои рӯй кашиш хӯранд. Дар аснои паридани мушакҳои гардан бемор сарашро чунон мегардонад, ки гӯё гиребонаш танг бошад, ё китфашро ҳамин тавр меҷунбонад, ки гӯё либоси номувофиқро дуруст мекунад. Дар мавриди паридани мушакҳои даҳон ва ҳалқ мариз ком меафшонад, лаб мелесад, забон мехояд. Агар мушаки узвҳои нафаскашӣ парад, бемор месурфад, фирқ-фирқ мекунад ё бо бинӣ сахт-сахт нафас мекашад. Чунин ҳаракатҳои беихтиёр бештар ба одамоне, ки сарашон зарб хӯрдааст ё гирифтори илтиҳоби мағзи сар шудаанд, хос аст. М. баъди изтироб, сахт тарсидан, аз ҳад хаста шудан, ҳангоми невроз ва диг. бемориҳо низ рӯй дода метавонад. Ҳангоми хурӯҷи дарди асаби сегона дар рӯй аломатҳои беихтиёри шабеҳи М. (ба ном М.-и дардовар) ба вуҷуд меоянд. Духтур сабаби М.-ро муайян намуда, муолиҷаи онро таъйин мекунад.