Jump to content

Мушкиле Бо Он Ҳамаи Мо Зиндагӣ Дорем

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Акс:Obama & Ruby Bridges "The Problem We All Live With".jpg
Барак Обама ва Раби Бриҷес назди тасвири Мушкиле Бо Он Ҳамаи Мо Зиндагӣ Дорем

Мушкиле Бо Он Ҳамаи Мо Зиндагӣ Дорем (номи аслӣ аз англ. The Problem We All Live With) асари тасвирӣ маҳсули кори Норман Рокуел дар соли 1964 мебошад. Ин тасвири таърихи ҳаракати ҳуқуқи шаҳрванди дар ИМА буд, дар он Раби Бриҷес (Ruby Bridges), духтарҷаи шашсолаи Африқои-Амрикоӣ тасвир ёфтааст. Ин духтарча дар роҳ ба мактаби сафедпӯстон дар Ню Орлеанс рӯзи 14 ноябри соли 1960 дар замони нобаробарҳуқуқи нажодӣ дар кишвар мебошад. Аз сабаби таҳдидҳо ва зӯровариҳо бар зидди ин духтарча, вайро чор муовинони маршали ИМА ба мактаб бурда истодаанд; дар чаҳорчӯбаи ин тасвир сарони маршалҳо наменамоянд. Дар пасдевори ин акс вожаи нажодпарастон ниггер "nigger" навишта шуда ҳарфҳои "KKK" намоён мебошанд; инчунин як помидоре, ки ба Бриҷес ҳаво дода шудааст ба девор задаaст. Як гурӯҳи сафедпӯстгн намоён нест, чун тамошобин аз сӯи назари гурӯҳи сафедпӯстон ба тасвир менигарад. Ин тасвири равғани болои матоъ буда ҳаҷмаш 36 инч баланд ва 58 инч (91 см × 150 см) васеъ мебошад.[1]

  1. Аз Википедиаи инглисӣ https://en.wikipedia.org/wiki/The_Problem_We_All_Live_With