Jump to content

Муҳаммадаминхоҷаи Кошиф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммадаминхоҷаи Кошиф

Муҳаммадаминхоҷа ибни Бузургхоҷаи Кошиф (1825, Хуҷанд — 1888, ҳамон ҷо) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мадрасаи Намозгоҳи Хуҷанд аз Абдурраҳими Хуҷандӣ ва донишмандони дигар илмҳои гуногун замонашро омӯхт. Ба ки дар хонаи падари Кошиф ҷамъ меомаданд, оғоз кард. 15 сол дар Кошғар зиста, сипас ба ватан баргашт.

Аз Кошиф девоне боқист, ки худаш мураттаб сохтааст. Девони Кошиф тақрибан 3500 байтро дар бар мегирад. Миқдори ғазалҳояш дар баёзҳо дучор меоянд. Ба ғайр аз ғазалҳо дар девон 48 рубоӣ, 22 мухаммас, 8 қасида, 2 марсия ҷой дода шудааст. Ӯ дар ашъори худ ишқи поку самимиро васф кардааст. Баъзе шеърҳояш аз ҷиҳати содагӣ ба забони гуфтугӯӣ наздиканд. Кошиф яке аз пайравони Мирзо Абдулқодири Бедил буд. Ба ғазалҳои Ҳофиз, Қассоб Урфӣ, Толиб, Нозим, Калим ва дигарон мухаммас бастааст. Кошиф дар шеърҳояш хулқу атвори хуб, поквиҷдонӣ, мардумдӯстию одамгарӣ ва саховатмандиро талқин кардааст. Шоир дар баъзе ғазалҳои ишқияш бар зидди беадолатӣ, зулму тааддӣ эътироз баён карда, шахсони мутаассиб ва зоҳидони ҷоҳилу фиребгарро мазаммат намудааст. Баъзе шеърҳояш оҳанги иҷтимоӣ доранд. Ӯ ба мусиқӣ низ майл дошта, дар навохтани танбӯру рубоб моҳир будааст.