Муҳаммаднабӣ Восили Кобулӣ
Таърихи таваллуд: | 1828 |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 9 май 1892 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Восили Кобулӣ (форсӣ: واصل کابلی), Мирзо Муҳаммаднабихон ибни Мирзо Ҳошимхон (1828 — 9 май 1892) — шоир ва хаттоти форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо лақаби «Дабиру-л-мулк» низ машҳур аст. Таълимоти ибтидоиро дар назди Мулло Раҳмдилхони мударрис дар қаряи Муродхонии Кобул гирифта, баъд аз он ҳунари хаттотиро омӯхтааст. Дар шеъргӯӣ шавқ ва табъи баланд доштааст. Восили Кобулӣ шахси соҳибиззату обрӯманд будааст. Дар Кобул бо сардабири дафтари шоҳӣ Мирзо Муҳсинхон шинос шуда, дар дарбори Шералихон ба кор даромад. Баъди сафири Афғонистон дар Русия таъйин гардидани Мирзо Муҳсинхон вазифаи муншӣ, дабир ва сардабирии дарборро ба уҳда гирифт. Дар замони ҳукмронии Абдураҳмонхон низ Восили Кобулӣ аз аҳли дарбор будааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Восили Кобулӣ шоири ғазалсарост. Ғазалҳояш дар пайравӣ аз ғазалҳои Ҳофиз ва бо сабки ироқӣ эҷод шудаанд. Дар девони ашъори Восили Кобулӣ анвои гуногуни назм — қасида, қитъа, рубоӣ, тарҷеъбанд ва ғ. фароҳам омадаанд. Як девони иборат аз мухаммасҳо низ доштааст. Ин ғазал аз ӯст:
Май хӯр ба савти фохта имшаб, ки субҳдам
Аз андалеби ин чаман овоз нашнавӣ.
Ай сарви навбаромада, ин саркашӣ чаро,
Чун як-ду рӯзи дигар аз ин боғ меравӣ?
Гар Ҷам шавӣ ба ҳашмату Доро ба кибру ноз,
Охир ба тахта ҷо шавӣ аз тахти хусравӣ.
Подоши нек неку мукофоти бад бад аст,
Дирӯз ҳар чӣ киштаӣ, имрӯз бидравӣ.
Шайхони шаҳри мо ҳама арбоби нахватанд,
Ҳон, ай писар, ба зоҳири ин қавм награвӣ!
Шукри Худо, ки далқи майолуди пири мо
Аз моли вақф нест чу дастори мавлавӣ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Восилии Кобулӣ / С. Ализода // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Дабир / С. Ализода // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.