Муҳаммадносир Алавӣ
Зоҳир
Навъи фаъолият: | шоир |
---|---|
Забони осор: | форсӣ-тоҷикӣ |
Алавӣ Муҳаммадносир (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 12).
Ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ аз ӯ бо унвони акмалушшуаро ёд шудааст. Дар дарбори Баҳромшоҳи Ғазнавӣ (ҳукмронӣ 1117 – 1152) хидмат мекард. Ба қавли Муҳаммад Авфӣ Алавия ашъорашро тадвин накарда буд. Аз Алавия инчунин шоири мутасаввиф Саноӣ дар маснавии «Корномаи Балх» ёд кардааст. Аз намунаҳои боқимондаи ашъораш бармеояд, ки Алавия дар истифода аз санъатҳои тарсеъ, таҷнис, муроотунназир ва ғайра моҳир будааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳаммад Авфӣ, Лубоб-ул-албоб, Т., 1335, ҳ. ш.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.