Jump to content

Муҳаммадрафеъ Воизи Қазвинӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммадрафеъ Воизи Қазвинӣ
форсӣ: محمد واعظ قزوینی
Ном ба ҳангоми таваллуд: форсӣ: محمد بن فتح‌الله قزوینی
Таърихи таваллуд: 1618
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1679
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: фақеҳ, воиз, шоир
Забони осор: форсӣ, озарбойҷонӣ ва арабӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мулло Муҳаммадрафеъ Воизи Қазвинӣ (форсӣ: ملا محمدرفیع واعظ قزوینی‎; 1618, Қазвин1679) — фақеҳ, воиз, шоир ва адиби форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммадрафеъ Воизи Қазвинӣ дар соли 1618 мелодӣ дар Қазвин зода шуд. Вай аз фарзандони Мулло Фатҳуллоҳи Қазвинӣ аст. Ӯ дар ваъз ва хитоба саромад буд ва муддатҳо дар масҷиди ҷомеъи Қазвин ваъз мегуфт. Ӯ аз шогирдони Мулло Халили Қазвинӣ буд. Аз илми маъқул ҳаззи фаровон дошт ва асари машҳураш дар ин бора «Абвобу-л-ҷинон» ном дорад.

Воизи Қазвинӣ бо шеъри пандомезу андарзӣ, инчунин бо моддаи таърих машҳур аст. Ашъораш бо сабки ҳиндӣ ва таҳсинаш дар муаммоҳо ва ҳалли муъзалот шуҳрат дорад.

Воизи Қазвинӣ дар соли 1679 мелодӣ даргузашт ва мадфанаш дар мадхали вуруди саҳни Шоҳзода Ҳусайн (Қазвин) дар гӯшаи чап қарор дорад.

  • نظمی تبریزی، علی (۱۹۷۶). دویست سخنور؛ تذکرةالشعرای منظوم و منثور. تابش. ص. ۴۵۶.