Jump to content

Муҳаммадраҷаб Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммадраҷаб Раҳимов

Муҳаммадраҷаб Саидович Раҳимов (тав. 1.02.1965 дар деҳаи Гулханӣ, ноҳияи Ҳисор), соли 1988 ДДСТ-ро хатм мекунад. Солҳои 1988-2001 дар мактаби № 26 ҳамчун омӯзгори фанни мусиқӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2001 то ҳол дар шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор ба ҳайси навозандаи асбоби сурнай (меҳтар) кор мекунад. Р. М. гурӯҳи ҳунарии созҳои нафасӣ (карнаю сурнай)-ро роҳбарӣ карда, дар тамоми чорабиниҳои муҳим ва қабули меҳмонон фаъолона ширкат меварзад. Бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2006) ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва Ҳукумати ноҳияи Ҳисор сарфароз гардонда шудааст.[1]

Пайнавиштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 464