Муҳаммадсиддиқ Ҳайрати Бухороӣ
Зоҳир
Таърихи таваллуд: | 1878 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1902 |
Навъи фаъолият: | шоир |
Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат (форсӣ: محمدصدیق حیرت بخارایی; 1878, Бухоро, генерал-губернатории Туркистон — 1902) — шоир ва рӯшанфикри тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳайрат соли 1878 дар гузари Арӯсони Бухоро ба дунё омадааст. Номи шоир Муҳаммадсиддиқ буда, «Ҳайрат» тахаллуси адабии ӯст. Падари шоир дар масҷиди гузари Арӯсон муаззин буда, барои тарбияи писараш ҳаматарафа саъй доштааст. Шоир дар овони ҳафтсолагӣ аз модар ва дар дувоздаҳсолагӣ аз падар ятим мемонад. Ҳайрат дар синни 15-солагӣ ба мадраса дохил шуда, илмҳои ҷории замонро комилан фаро мегирад. Вай соли 1895 бо устод Садриддин Айнӣ рафоқат пайдо намуда, онҳо аз ҳамдигар хеле баҳраҳо мебаранд.
Ҳайрат аз бемории сил вафот кардааст[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Атобой Умаров. Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат – Илмхона. 15 июни 2024 санҷида шуд.