Муҳаммадтоҳир Саидзода
Муҳаммадтоҳир Саидзода | |
Таърихи таваллуд | 29 апрел 1967 (57 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Румӣ ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муассисаи давлатии таълимии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2009), |
Муҳаммадтоҳир Саидзода (таф. 29.04.1967, н. ба номи Ҷалолиддини Румӣ) — биологи тоҷик, омӯзгор, номзади илмҳои биология, дотсент. Аълочии маорифи Тоҷикистон (2009).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммадтоҳир Саидзода соли 1991 – факултети биологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин-ро хатм намудааст. Соли 1983 фаъолиятро ба сифати коргари совхози ба номи съезди XXIII КПСС (ҳозира хоҷагии ба номи А. Қаландаров)-и н. Дӯстӣ оғоз намуда, солҳои 1984-1985 лаборанти кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биологияи ДМТ ва донишҷӯи шуъбаи шабонаи ҳамин Донишгоҳ буд.
- Солҳои 1991 -1994– корманди хурди илмии Лабораторияи илмӣ-тадқиқотии «Ферментология»-назди кафедраи физиологияи растаниҳо ДМТ,
- 1991-1994 аспиранти кафедраи физиологияи растаниҳо ДМТ,
- 1995-1996 ассистенти кафедраи физиологияи растаниҳо ДМТ,
- 1996- 1998 муаллими калони кафедраи физиологияи растаниҳо ДМТ,
- 1995-2001 ҷонишини декан оид ба илм ва корҳои тарбиявии факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
- 1998-2007 дотсенти кафедраи физиологияи растаниҳои ДМТ,
- 2007- 2008 дотсенти кафедраи физиологияи растаниҳо ва мудири бахши барномасозӣ, мониторинг ва назорати сифати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
- 2008-2013 мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитии ДМТ, 2013-2014 муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Данѓара, 2014-2017 – муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд.
Аз 2017 620 инҷониб директори муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор аст. Ба Булғория, Словакия, Олмон, Испания, Итолиё, Эстония, Полша, Россия, Қазоқистон, Гурҷистон сафари хидматӣ намуда, савияи дониши тахассусии худро такмил додааст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 29 апрел
- Зодагони соли 1967
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ
- Номзадҳои улуми биология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Биологони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон