Муҳаммадхоҷа Яъқубов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммадхоҷа Яъқубов
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Тахассус муштзанӣ
Зодрӯз 31 март 1995(1995-03-31) (28 сол)

Муҳаммадхоҷа Искандарович Яъқубов (таваллуд 31 марти 1995, Исфара, Тоҷикистон ) — муштзан (боксёр)-и касбии тоҷик дар вазнҳои сабук ва нимасабук. Барандаи чандин унвони қаҳрамонии бокси минтақавӣ ва ҷавонон аз рӯи WBC, WBA, IBF ва WBO .

Маснади варзишӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммадхоҷа Яъқубов 12 декабри соли 2015 дар ринги ҳирфаӣ бори аввал бар Владимир Терехови рус ғолиб омад, ки ин қувваозмоӣ барои ӯ низ аввалин бор шуд. 15 ноябри соли 2016 дар набарди чоруми худ дар ринги ҳирфаӣ ӯ Николай Бузолини русро (5-2-1) бо нокаути техникӣ шикаст дод ва унвони Қаҳрамони бокси Осиё дар WBC-ро ба даст овард. 18 феврали соли 2017 ӯ унвони худро дар мубориза бар зидди Йогли Ҳеррера аз Колумбиё (28-17) ҳимоя кард.[1]

2 майи соли 2017 ӯ бар муштзани ӯзбек Фирӯзбек Юлдошев (5-2) ғолиб омад ва унвони қаҳрамонии бокси ҷаҳон (WBO) дар вазни сабуки ҷавононро ба даст овард. 9 июли ҳамон сол ӯ дар сабқат бар зидди Даяки Ичикаваи ҷопонӣ (9-2) унвони қаҳрамонии худро бори дигар ҳифз кард. Сипас ӯ ду муборизаи рейтингӣ (радабандӣ) баргузор кард, ки дар онҳо ғалабаи пеш аз вақт ба даст овард.

Соли 2019 Ёқубов ҳайати мураббиёни худро зиёд кард ва бо Фредди Роуч, Педро Гарсиа, Владимир Видов ва Жанна Попова ҳамкорӣ ба роҳ монд.

2 ноябри соли 2019 ӯ қаҳрамони феълии Мексика Абрахам Монтойяро мағлуб кард [2]

7 марти соли 2020 Яъқубов сеюмин дифоъи унвони WBC International кард. Вай бо қарори доварон қаҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба WBC Томас Рохасро мағлуб кард [3]

Омор дар бокси касбӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаблон:Легенда боксёрских боёв

  1. [Muhammadkhuja Yaqubov (англ.) — статистика боёв на сайте BoxRec Muhammadkhuja Yaqubov (англ.) — статистика боёв на сайте BoxRec].
  2. Мухаммад Якубов победил Абрахама Монтойю (видео)(рус.). AllBoxing.ru - Все новости бокса, MMA, бои на видео (2 ноябри 2019). 25 май 2020 санҷида шуд.
  3. Мухаммад Якубов победил по очкам Томаса Рохаса(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). MMABoxing.ru (7 March 2020). 25 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 августи 2020.