Муҳаммадҳусайни Табрезӣ
Намуди зоҳирӣ
Муҳаммадҳусайни Табрезӣ | |
|---|---|
| Таваллуд |
асри XVI |
| Даргузашт |
10 октябр 1577 |
| Навъи фаъолият | хушнавис |
Муҳаммадҳусайни Табрезӣ (форсӣ: محمدحسین تبریزی; асри XVI, Табрез — 10 октябр 1577, Қазвин) — хушнавис ва донишманди форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодгоҳаш шаҳри Табрез. Номи падараш Мавлоно Иноятуллоҳ. Муҳаммадҳусайни Табрезӣ дар Машҳад аз Саидаҳмади Машҳадӣ ва Мирҳайдар навъҳои гуногуни хатро омӯхт. Ҳамроҳи Молики Дайламӣ кор карда, ба такмили хат пардохт. Муҳаммадризои Табрезӣ, Беҳбуди Шоҳаншоҳӣ ва Муҳаммадшариф, Алиризои Аббосӣ аз шогирдони ӯ буданд.
Осори хаттотии ӯ дар Китобхонаҳои донишгоҳи Равонкушку ва Хазинаи авқофи Истамбул, Китобхонаи миллии Порис, Китобхонаи миллииТеҳрон, дар Музеи бостоншиносии Деҳлӣ ва як нусхаи «Муноҷот»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар Китобхонаи оммавии Ленинград ба номи Салтиков Шедрин мадфузанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳаммадҳусайни Табрезӣ / Қ. Махсумов // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).
Гурӯҳҳо:
- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Зодагони асри XVI
- Зодагони шаҳри Табрез
- Даргузаштагони 10 октябр
- Даргузаштагони соли 1577
- Даргузаштагони Эрон
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Хушнависони эронӣ