Jump to content

Муҳаммадҳусайн Собири Табрезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммадҳусайн Собири Табрезӣ

Муҳаммадҳусайн Собири Табрезӣ (қарни XVII) — ҳаттот, наққош, ҷадвалкаш, лаввоҳи форс-тоҷик, шогирди Миралии Хаттот.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз овони ҷавонӣ ба нигоришу хушнависӣ, ҳалкорию лаввоҳӣ шуғл дошта, дар айни ҳол ҳунари наққоширо аз Мирзоалии Мусаввир ва Мираки Исфаҳонӣ омӯхт. Баъди камолоти ҳунар ба Табрез рафта, дар он ҷо девонҳои Саъдӣ, Ҳофиз, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Хамса»-и Низомӣ, «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомиро китобат карда ороиш додааст. Ӯ дар хушнависӣ, лаввоҳӣ, ҷадвалкашӣ шогирдони зиёде дошт.

  • Муҳаммадҳусайн Собири Табрезӣ / А. Раҷабов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).