Муҳаммадҷон Шарипов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Муҳаммадҷон Шарипов
Санаи таваллуд:

соли 1904

Зодгоҳ:

Хуҷанд

Санаи марг:

соли 1977

Фазои илмӣ:

олим

Муҳаммадҷон Шарипов - (1904-1977), ходими намоёни маорифи халқи Тоҷикистон, аввалин директори Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Донишгоҳи коммунистии Осиёи Миёнаро дар ш. Тошканд хатм карда (1929), фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси коргузори иттифоқи «Қӯшчӣ» дар ш. Пржевалск (1924) оғоз намудааст. Муаллими техникуми омӯзгорӣ (1930-32), директори Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд (1932-34), директори Донишкадаи шабонаи омӯзгории Сталинобод (1934-35), созмондиҳандаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Тошканд (1935-36). Аз с.1936 то оғози ҶБВ дар системаи Комиссариати маорифи халқи Ӯзбекистон дар вазифаҳои директори мактаб, корманди илмии шӯъбаи Шарқи китобхонаи давлатии оммавии ба номи Навоӣ кор кардааст. Баъди ҷанг дар системаи маорифи ш.Пржевалск ва ш.Тошканд хизмат карда, бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.[1]

Манобеъ[вироиш]

  1. [1]

Адабиёт[вироиш]

А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.