Jump to content

Муҳаммад ибни Баъис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад ибни Баъис
Таърихи таваллуд: асри IX
Зодгоҳ:
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Муҳаммад ибни Баъис (ар. محمد بن البعيث‎; ? — 849/50) — шоир ва донишманд, фармондори арабтабори Маранд дар замони хулафои Аббосӣ, яке аз нахустин шоиронест, ки ба ду забон — форсӣ ва арабӣ шеър гуфтаст.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ватани Муҳаммад ибни Баъис Эрони Ғарбист. Вай ба сафи шӯришгаро­ни зидди арабҳо, ки сардораш Бобак буд, дохил шуд, вале баъдтар ба ӯ хиёнат карда, ба тарафи муқобилони Бобак гузашт. Пас аз чанде худаш бар зидди халифа Мутаваккил шӯриш бардошт, вале шикаст хурда асир афтод. Намунаи шеърҳои арабии Муҳаммад ибни Баъис 12 байте мебошад, ки Табарӣ дар «Таърих-ур-русул ва-л- мулук» овардааст. Табарӣ китоберо ҳамчун санад ном мебарад, ки муаллифи он аз кӯҳансолони шаҳри Мароға шеърҳои форсии Муҳаммад ибни Баъисро шунида будааст. Ҳамон кӯҳансолон нақл ме­кардаанд, ки Муҳаммад ибни Баъис ҷасуру шуҷоъ, соҳиби илму адаб будааст. В. В. Бартолд мӯътақид аст, ки ашъори Муҳаммад ибни Баъис, гарчанде дар замони Сомониён фаромӯш шуда бошанд ҳам, бешубҳа, дар байни муосиронаш шӯҳрат доштаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Муҳаммад ибни Баъис / Т. Мардонов // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).
  • Бартольд В. В., Сочинение, т. VII, М., 1071.