Jump to content

Муҳаммад ибни Васиф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад ибни Васиф
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Муҳаммад ибни Васифи Сагзӣ (форсӣ: محمد بن وصیف سجزی‎; қарни IX — қарни Х) — шоир ва номанигори Яъқуби Лайси Саффорӣ. Ӯ нахустин касе буд, ки ба забони форсӣ шеъри арӯзӣ гуфт.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳи шоир ва ҷараёни зиндагониаш маълум нест. Мувофики маълумоти манбаъҳои адаби ва таърихи, аз ҷумла «Таърихи Систон» Мухаммад Васиф солҳои зиёд вазифаи дабирии дарбори яке аз хокимони Саффориён (873—900) Яъкуб ибни Лайсро ичро мекардааст. Мухаммад дар баробари Абулянбағӣ, Басами Гурд, Махмуди Варрок, Мухаммад ибни Мухаллад, Ханзалаи Бодгиси ва дигарон яке аз нахустин шоиронест, ки баъди истилои араб ба забони дари шеър сурудаанд.

Дар давраи истилои араб, дар замони ҳодисаҳои мураккаби сиёсию муборизаҳои беамон ва мухолифати сахти араб ба тамаддуни тоҷик шеъри мавзуни мо муддате аз инкишоф монда буд. Бино ба гуфти муаллифи «Таърихи Систон» «шеър дар он давра ба тозӣ раддубадал мешуд ва ҳама ба либоси араб шеър мегуфтанд». Ин давраи омезиши маданияти исломӣ бо форсию тоҷикӣ буд. Аз интиҳои садаи VIII ва оғози садаи IX шеъри мавзуни тоҷикӣ аз нав ба ҳаракат даромад ва босуръат ривоҷ ёфт. Барои ташаккули шеъри тоҷикӣ дар ин давра хидмати шоирони он давра, аз он ҷумла Муҳаммад бинни Васиф калон аст.

Вазъияти адабиёти тоҷик дар садаи IX ру ба пешрафту такомул мениҳад. Шоирони мо дар ин давра ба ҷунбиш даромада ва аввалин самараҳои чашмрас додаст. Дар арсаи он чандин шоирон ҳунарнамоӣ кардаанд. Хуросону Мовароуннаҳр гаҳвораи шеъру шоирии тоҷик қарор гирифтааст.

Аз мероси адабии Мухаммад Васиф то замони мо ҳамаги 38 мисра шеър боки монда аст, ки дар китоби «Ашъори ҳамасрони Рудаки» (Сталинобод, 1958) гирд оварда шудааст. Ашъори Мухаммад Васиф асосан аз қасида иборат аст. У дар таърихи адабиёти форс-тоҷик нахустин шоирест, ки қасидаи мадхи гуфтааст.

Дар қасидаҳои Мухаммад Васиф баробари мадх абёти панду ахлоқи низ мавкеи хос доранд.

Мамлакате буд шуда бекиёс,
Амр бар он мулк шуда буд рос…
Эй гамо, к-омаду шодди гузашт,
Буд дилам доим аз ин пурхарос.
Хар чи бикардем, бихохем дид,
Суд надорад зи казу эхтирос…
Мулк або хазл накард интисоб,
Нур зи зулмат накунад иктибос.

Шоир дар ин мисраҳои шеъри мегуяд, ки мамлакате буд, бемислу монанд. Хама аз руи амру фармонҳо хушу хурсандона ва баробар зиндагӣ ва кор мекарданд. Мардум факат аз як чиз метарсид, ки рӯзе гаму андух меояду, шоди аз байн меравад. Ва рӯзе ҳамин тавр хам мешавад. Шоир мегуяд, ки акнун хар коре, ки кардем, окибаташро мебинем. Акнун афсус хурдан ва харосидан фоидае надорад. Ба мукобили зулмат рафтан кори осон нест.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз мероси адабии Мухаммад Васиф то замони мо ҳамаги 38 мисра шеър боки монда аст, ки дар китоби «Ашъори ҳамасрони Рудаки» (Сталинобод, 1958) гирд оварда шудааст. Ашъори Мухаммад Васиф асосан аз қасида иборат аст. У дар таърихи адабиёти форс-тоҷик нахустин шоирест, ки қасидаи мадхи гуфтааст. Дар қасидаҳои Мухаммад Васиф баробари мадх абёти панду ахлоқи низ мавкеи хос доранд.

Мамлакате буд шуда бекиёс,
Амр бар он мулк шуда буд рос…
Эй гамо, к-омаду шодди гузашт,
Буд дилам доим аз ин пурхарос.
Хар чи бикардем, бихохем дид,
Суд надорад зи казу эхтирос…
Мулк або хазл накард интисоб,
Нур зи зулмат накунад иктибос.

Шоир дар ин мисраҳои шеъри мегуяд, ки мамлакате буд, бемислу монанд. Хама аз руи амру фармонҳо хушу хурсандона ва баробар зиндагӣ ва кор мекарданд. Мардум факат аз як чиз метарсид, ки рӯзе гаму андух меояду, шоди аз байн меравад. Ва рӯзе ҳамин тавр хам мешавад. Шоир мегуяд, ки акнун хар коре, ки кардем, окибаташро мебинем. Акнун афсус хурдан ва харосидан фоидае надорад. Ба мукобили зулмат рафтан кори осон нест.