Jump to content

Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ
Таърихи таваллуд 818 ё 817[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 906[1]
Маҳалли даргузашт

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ (форсӣ: ابوعبدالله محمد بن نصر مروزی‎; 808, Бағдод — 907, Самарқанд) — муҳаддис, ахтаршинос ва фақеҳи шофеии эронитабор[2].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар овони хурдсолии Ибни Наср аҳли хонаводааш аз Бағдод ба Нишопур муҳоҷират кард. Ибни Наср дар Нишопур ба камол расид ва аз донишмандони ин диёр илмҳои ҷории замон, бахусус фиқҳу ҳадисро омӯхт. Соли 878 ба Самарқанд сафар кард ва бо бархӯрдорӣ аз ҳимояти Исмоили Сомонӣ то поёни умр дар он ҷо ба таълиму тадрис машғул буд. «ал-Қасома» (дар фиқҳ), «ал-Муснад» (дар ҳадис) ва «Ихтилофу-л-уламо» (ихтилофи бунёдгузорони мазҳабҳо) аз ҷумлаи муҳимтарин осори ӯст.