Jump to content

Муҳаммад ибни Наҷиби Бакрон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад ибни Наҷиби Бакрон

Муҳаммад ибни Наҷиби Бакрон (форсӣ: محمد بن نجیب بکران‎; охири садаи XII – аввали садаи XIII) — сайёҳ ва харитасоз.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шаҳри Туси Хуросон умр ба сар бурдааст. Солҳои 1208–09 барои Хоразмшоҳ Алоуддин Муҳаммад ибни Текеш харитаи рангаи оламро бо номи «Ашколи ақолим» тартиб додааст. Барои эзоҳи он асари «Ҷаҳоннома»-ро навиштааст, ки иборат аз 20 боб буда, то замони мо расидааст. Тибқи маълумоти «Ҷаҳоннома», харитаи Бакрон ранга буда, аломатҳои шартӣ доштааст: шаҳрҳо бо доирачаҳои хурд, баҳрҳо бо ранги сабз, дарёву кӯлҳо сурхи баланд, шохобҳо нилобӣ, кӯҳҳо сурхи ҷигарӣ, биёбону регзорҳо зардтоб, барфҳои доимии Шимол бо ранги сафед, номи маконҳо бо ранги сурх ишора шудаанд. Дар харита хатҳои тӯлу арз низ тасвир ёфтаанд. Дар «Ҷаҳоннома» дар бораи баҳру кӯлҳо, ҷаз-ҳое, ки дар баҳрҳо мавҷуданд; дарёҳо, кӯҳу биёбонҳо, номи шаҳрҳо, аз як минтақа ба минтақаи диг. кӯчидани аҳолӣ, оид ба сангҳои гаронбаҳо ва маъданҳои фоиданок маълумоти ҷолиб дарҷ шудаанд. Дар он ҳатто дар бораи кони ангишти Назарайлоқи Тоҷикистон маълумот дода, аз ҷумла, гуфта мешавад: «Дар ин кӯҳ санги сиёҳе пайдо мегардад, ки мисли ангишт месӯзад ва заргарону оҳангарон аз вай истифода мебаранд». Дар ин асар номи 600 маҳал шарҳу тафсир дода шудааст. Бакрон ҳангоми танзими харита ва таълифи «Ҷаҳоннома» аз осори ҷуғрофидонҳо ва мунаҷҷимону муаррихони гузашта, мисли Абурайҳони Берунӣ, Истахрӣ, «Китобу-л-масолик-в-ал-мамолик»-и Ибни Хурдодбеҳ ва «Сафарнома»-и Носири Хусрав фаровон истифода бурдааст.

  • Бакрон Муҳаммад ибни Наҷиб / Ш. Тошева // Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.